ВидеоДин ва боварҳоТаърихФарҳанг

“ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ” – ПАРДОХТЕ БА ЯК ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ФАРОМӮШШУДА

“Ҳаждаҳғораи Айваҷ. Таърих набояд ин ёдгориро фаромӯш кунад”. Нашриёти Мега-Принти шаҳри Душанбе бо ҳамин унвон китоби рӯзноманигор, омӯзгор Муродиён Зокир Ҳасанро ба табъ расонд. Рисолаи мазкур самараи таҳқиқоти сесолаи Зокир Муродиён буда, аввалин китобест, ки дар бораи ёдгории қаблазисломии “Ҳаждаҳғора”, воқеъ дар минтақаи Айваҷи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф умдатан ба аҳамияти таърихӣ, мансубияти замонию динӣ, ҳифз ва нигоҳдории ин ёдгорӣ таваҷҷуҳ кардааст. Ба хотири муаррифии беҳтар ва бештари ин мағораҳои қадимӣ фишурдаи матн ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ баргардон шудааст.

“Камина ҳарчанд дар доираи фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ чанд дафъа ба мавзеи Айваҷ сафар кардаам, аммо ягон маротиба ба истилоҳи мардум, ҳатто бо ними гӯш дар хусуси ғорҳои қадимии он ҷо ҳеҷ чиз нашунида будам, то он рӯзе, ки як шинос зимни суҳбати сарироҳӣ аз қимати гарони таърихӣ ва бо ин вуҷуд, чанд даҳсола боз аз мадди назарҳо дур мондани мағораҳо маро огоҳ кард”, – дар сарсухани китоб нигоштааст муаллиф Зокир Муродиён.

Ин силсилағорҳои бостонӣ дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав, мавзеи Айваҷ¬¬¬¬, соҳили дарёи Ому, бисёр наздик ба хати сарҳади Тоҷикистон – Афғонистон – Ӯзбекистон ҷойгир буда, ба қавли Зокири Муродиён, тафсилоташон барои аксари кулли алоқамандони таъриху маданияти қадим ҳанӯз пӯшида боқӣ мондааст.

“Чунки натоиҷи ягона ҳафриёти бостоншиносӣ, ки беш аз ним аср қабл гузаронида шуда буд, ба таври маҳдуд инъикос шуда, хоста ё нахоста аз меҳвари таваҷҷуҳи доираҳои илмии пешин ва кунунии Тоҷикистон берун мондааст. Лек ҳузнангезтар ин аст, ки барои ҳифзи ёдгорӣ аз таъсироти нохуши табиат ва инсон то ҳол ҳеҷ ниҳод ё лоақал ягон фарди соҳиби имкон рағбат зоҳир накардааст”, – афзудааст ӯ.

Рисолаи мазкурро шӯрои илмию дастурдиҳии ДДБ ба номи Н. Хусрав ба чоп тавсия дода, зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Давлаталӣ Алимов таҳия шудааст. Он бо маблағгузории “Набзи Бохтар” – нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба табъ расидаааст.

Муродиён Зокир Ҳасан 10-уми апрели 1980 дар ноҳияи Вахш дар оилаи  олими шинохта Ҳасан Муродиён ба дунё омада, оиладор ва падари шаш фарзанд аст.  Ӯ хатмкардаи риштаи забонҳои хориҷӣ (бахши англисӣ)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2002, дипломи аъло) ва аз соли 2011 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Соли 2013 сазовори унвони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2013) шудааст.

Журналисти тоҷик Сайрахмон Назриев менависад, ёдгории”Ҳаждаҳғораи Айваҷ” ҳарчанд соли 1968 кашф шуда бошанд ҳам, то ба имрӯз қариб дар ягон сарчашмаҳои таърихи бо забони тоҷикӣ маълумоте дода нашуда аст.

“Танҳо як таҳқиқи на он қадар муфассал аз тарафи археологҳо солҳои 1968 гузаронида шудаву бо забони русӣ нашр шуда аст, дигар чизе нест. Ҷои таассуф аст, ки дар бораи ин ёдгориҳои таърихӣ кам касоне аз доираҳои илмию кишваршиносӣ бохабаранд. Ин аввалин китобест, ки бо забони тоҷикӣ дар бораи ин ёдгориҳои таърихи маълумоти мукамалтаре бо забони тоҷикӣ пешниҳод мекунад. Ва шояд дар оянда ин сабаб шавад, ки дар ин мавзеъ корҳои археологӣ гузаронида шавад”, навиштааст Сайраймон Назриев.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button