ВидеоФарҳанг

АТРИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БА БОЗОР МЕДАРОЯД (ВИДЕО)

Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик бо нашри як видео дар Инстаграм ва ТикТок хабар дод, ки атре, ки махсус бо номи ӯ сохта шудааст ва “Shady” (“Шейди”) ном дорад, ба бозор медарояд.

Атри “Shady by Farzona Khurshed” (“Атри соядор аз Фарзонаи Хуршед”), ба гуфтаи худи овозхон, дар Фаронса сохта мешавад.

“Алҳамдулиллаҳ, атри ман дастраси мухлисон хоҳад шуд. “Shady by Farzona Khurshed”. Ин чӣ хушбахтист, ки ба номи ту дар Фаронса атр месозанд. Алҳамдулиллаҳ, ки ба ин рӯзҳо ҳам расондам Аллоҳ!”,  навиштааст Фарзонаи Хуршед.

Аммо дар видео Фарзонаи Хуршед дар бораи бӯи ин атр чунин мегӯяд: “Ин як атри ноёфтанӣ бо  бӯи нотакрор аст. Ман, ки худам як духтари қавӣ ҳастам. Ин атр ҳам бӯи беҳад қавӣ дорад. Бӯи ором надорад”.

Нархи атри ба номи Фарзонаи Хуршед сохташударо ҳанӯз эълон накардаанд.

Соли 2020 Шабнами Сурайё, овозхони шинохта ва хоҳари калонии Фарзонаи Хуршед низ хабар дода буд, ки ба номаш атр сохтаанд. Нархи як шиша атри “Shabnam Surayo”  89 евро ( беш аз 100 $)  муқаррар шуда ва гуфта мешуд, ки ин атрҳо дар Олмон тавлид мешаванд.

Дар муаррифиномаи атри “Shabnam Surayo” гуфта мешуд, ки “атри “Shabnam Surayo” аз табиат илҳом гирифта, як намунаи назокати нодиданист. Рамзи камол ва гармония аст. Шабнами Сурайё бо роҳи омезиши зеботарин ашёи табиӣ атре сохтааст бепоёну дурахшон ва дар айни замон – моеъ ва сода.”

“Дидор бо атри шик

Дидор бо атри Шабнам” – атри навро таҳти чунин шиор ба бозор дароварда буданд.

Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё фарзандони овозхони шинохта Сурайёи Қосим буда, дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаву дар ҳамонҷо ба воя расидаанд.  Шабнам аз оғози солҳои 2000 ва Фарзона чанд сол баъдтар вориди саҳнаи эстрадаи тоҷик шуда,  хеле зуд дар радифи овозхонҳои маъруфи кишвар ҷой гирифтанд.

Фарзонаи Хуршед аз издивоҷаш бо Фаридуни Хуршед ду фарзанд: як духтар ва як писар дорад (ДАР АКС).  Шабнами Сурайё аз издивоҷи якумаш як духтар дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button