ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛ АЗ РУСИЯ 1,8 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ПУЛ ГИРИФТААСТ, ӮЗБЕКИСТОН – 5,5 МИЛЛИАРД!

Бонки Русия дар ҳисоботи солонааш хабар дод, ки соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 1,8 миллиард доллар пул фиристода шудааст. Ин назар ба 1 миллиарду 741 миллион доллари соли 2020 ҳудуди 59 миллион доллар бештар, вале назар ба 2,5 миллиарди соли 2019, охирин соли қабл аз пандемия, беш аз 700 миллион доллар камтар аст.

Вале бар асоси омори расмии Бонки марказии Русия, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар соли 2021 дар байни кишварҳои СНГ танҳо дар мақоми сеюм қарор дорад.  Аз ҳама бештар соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон (5 миллиарду 532 миллион доллар!!!) пул фиристодаанд. Дар ҷои дуюм боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ  –  Қирғизистон истодааст, ки дар як сол аз Русия ва низ асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 2 миллиарду 131 миллион доллар пул дарёфт кардааст.

Дар умум ба Ӯзбекистон,  Қирғизистон  ва Тоҷикистон дар як сол аз Русия қариб 9,5 миллиард доллар пул рафтааст. Ин 96% аз 9,9 миллиард долларест, ки соли 2021 аз Русия ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол шудааст, ва 73% аз наздики 13 миллиард доллари дар тӯли сол аз Русия ба тамоми кишварҳои СНГ ирсолшуда.

Барои ин 3 кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад. Соли 2020 аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд.

Дар пайи се кишвари ғолиб аз Осиёи Маркази дар ин “чемпионати пулфиристӣ” аз Русия 2 кишвари муҳоҷирфиристи Қафқози ҷанубӣ: Озарбойҷон ва Арманистон бо 986 ва 3867 миллион доллар пули аз Русия барояшон ирсолшуда қарор гирифтаанд. Ҳамин тавр, Украина ва Қазоқистон аз Русия соли гузашта наздики ниммиллиардӣ, мутаносибан 498 ва 480 миллион доллар пул дарёфт карда, ба Модова 2888 миллион ва ба Беларусӣ 274 миллион доллар пул рафтааст.  Дар зинаи аз ҳама поёни ин ҷадвал Туркманистон, ягона кишвари ин паҳно, ки аз пули фиристодаи муҳоҷиронаш аз Русия вобаста нест, истодааст. Ба ин кишвар дар як сол аз Русия … ҳамагӣ 200 ҳазор доллар пул фиристодаанд.

Вале маълум мешавад, интиқоли пул ба кишварҳои СНГ, манобеи асосии таъмини бозори Русия бо нерӯи корӣ, дар ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ин кишвар нақши ночизе доштааст. Дар умум дар соли 2021 аз Русия ба хориҷ 43 миллиарду 931 миллион доллар фиристодаанд, ки аз он танҳо  наздики 12,8 миллиардаш ба кишварҳои СНГ ва беш аз 31 миллиарди боқимондааш ба кишварҳои хориҷаи дур ва асосан ба Ғарб рафтааст. Барои муқоиса, ҳаҷми интиқоли пул ба ҳамаи кишварҳои СНГ хеле  камтар аз пулест, ки  дар ки моҳҳои январ-июни соли 2021 аз Русия танҳо ба 3 кишвари Ғарб – Швейтсария (8,2 миллиард доллар) ва Амрикову Бритониё (3 ва 2,5 миллиард) рафтааст. Вале агар ба кишварҳои СНГ маоши бо заҳмат бадастовардаи муҳоҷиронашон фиристода шавад, миллиардҳое, ки ба Ғарб мераванд, сармояҳоест, ки аз Русия “мегурезонанд.”

Ҳамин тавр, Олмону Испания, Япония, Люксембург ва Туркия дар тӯли соли 2021 аз Русия аз як то якуним миллиард доллар пул гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button