ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ СЕ МУСОФИР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЛҶУВОН ВА ПАНҶ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки рӯзи 16 март бар асари ду садама дар ноҳияҳои Балҷувон ва Панҷ дар ҷануби кишвар се нафар, аз ҷумла ду ҷавони 27 ва 23сола ва як зани 49сола ба ҳалокат расидаанд.  Дар Балҷувон дар роҳи деҳаи Саримазор мошини тамғаи  “УАЗ-3151” чаппа шуда, боиси ҳалокати ду мусофири ҷавон шудааст. Ва аммо дар ноҳияи Панҷ бар асари бархӯрди ВАЗ21010 бо “Опел Астра” як зани мусофири “Жигули” ҷон бохтааст.

16-уми марти соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “УАЗ-3151”, Абдумуминов Лутфулло Анварович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи байни деҳаҳои Сари-Мазори ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар гардиши болои деҳаи мазкур аз роҳи асосӣ баромада чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, Ҳафизов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1995 ва Шифои Намозалӣ, соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамзамон 16-уми марти соли 2022, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Раҳималиев Азам Абдуллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, Сайфуддинов Муҳаммад Юсуфович, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст.
Инчунин автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бошад ба тарафи чапи роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Пиров Ҳигматулло Шодиевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдаааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21010”, Турдиева Гулбаҳор Амоновна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Панҷ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар давоми рӯзи 15 март дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду садамаи марговар рӯй дода, 4 кушта ба ҷо гузоштааст. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ соати тақрибан 14:00 дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бар асари ба қафои мошини боркаши тамғаи “Ҳово” бархӯрдани “Мерседес-Спринтер” рух дод ва боиси ҳалокати се нафар: ронанда ва ду мусофираш, аз ҷумла як навраси 15-сола шуд.

 Ҳамчунин соати сеюними шаби 15 март бар асари ба дарахт бархӯрдану сипас ба ҷарӣ сарозер шудани як мошини “Дэу Сиэло” дар мавзеи Гулистони роҳи Ҳамадонӣ – Кӯлоб як мусофири 26-солаи “Дэу” ҳалок шуда, якеи дигар захмӣ шуд.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button