ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

БОЗДОШТИ БАРОДАРИ ХУРДИИ САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ

Пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик хабар доданд, ки Нурулло Саидов, бародари хурдии Нурӣ низ ахиран аз ҷониби  кормандони УБОП, яъне бахши мубориза бо  раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон боздошт шудааст.

Мақомот то кунун хабари боздошти Нурулло Саидовро шарҳ надодаанд, вале аъзои хонаводаи Нурӣ мегӯянд, ки ӯ ҳам мисли ду бародарзодаи дигари Нурӣ, ки қаблан дастгир шуданд, ба гирифтани маблағҳо аз хориҷ мутаҳҳам мешавад.

Аммо пайвандони Нурӣ мегӯянд, аз хешовандони худ дар хориҷ гирифтани маблағ ҷурм нест ва садҳо ҳазор хонаводаи тоҷик аз азизони муҳоҷири худ аз Русияву кишварҳои дигар пайваста кумаки молиявӣ ба даст меоранд.

Хешовандони Нурӣ ҳам, ки як қисмаш ҳоло дар Аврупо кору зиндагӣ мекунанд, ба хешу табори худ дар Тоҷикистон пул мефиристоданд, вале ин пулҳо вақтҳои охир барояшон дардисарсоз шудааст.

Нурулло Саидов, ки 64 сол дорад ва чун аксари наздикони Нурӣ дар деҳаи Ваҳдатободи ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози Туркманистон) дар ноҳияи Вахш ба сар мебарад, дар ин авохир инак сеюмин нафар аз хешовандони наздики Нурӣ аст, ки бо иттиҳоми аз хориҷа гирифтани маблағ аз ҷониби кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дастгир мешаванд.

Ибтидо, рӯзи 24 январ мақомот Нусратулло Саидов, писари бародари калонии Нурӣ Ато Саидовро  дастгир карданд. Нусратулло Саидов роҳбарии як хоҷагии деҳқониро дар ҷамоати Тоҷикобод бар дӯш дошт ва ба гуфтаи наздиконаш, як умр деҳқонӣ мекарду коре ба сиёсат надошт.

Муҳибулло Нуриддинов

Як моҳ баъди ӯ, тақрибан 23 ё 24 феврал мақомоти РВКД Хатлон Муҳибулло Нуриддинов, писари Ҳабибулло, бародари хурдии Нуриро бо айни иттиҳом дастгир карданд. Муҳибулло Нуриддинов мағозаи фурӯши маҳсулоти хоҷагии деҳқонии Нусратулло Саидовро дар деҳаи Ваҳдатобод роҳбарӣ мекард.

Боздошти наздикони Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки агар умр вафояш мекард, ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик рӯзи 15 март ба синни 75 мерасид. Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиён дар водии Вахёи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба дунё омада, 9 августи соли 2006, дар синни 59 дар Душанбе баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид. Нурӣ, ки парвардаи мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ буд, ҳанӯз соли 1973  бо 4 ҳамфикраш ҷамъияти пинҳонкори мазҳабиеро бо номи “Наҳзати ҷавонони мусалмон” ташкил дод, ки баъдан ба ҲНИТ табдил ёфт. Нурӣ нафарест, ки ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин созишномаи сулҳи соли 1997ро бо президент Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.

Баъди манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015, шуморе аз пайвандони Нурӣ, аз ҷумла чанд писару духтараш, тарки Тоҷикистон карданд ва аксараш ҳоло дар Аврупо ба сар мебаранд. Вале қисми дигари хешовандони Нурӣ дар Тоҷикистон монданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button