ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН ДАР ХОРУҒ БАРОИ ТАҲҚИРИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР ДИДБОНГОҲИ ТИРЧИД

Маркази матбуоти шуъбаи милитсияи шаҳри Хоруғ хабар дод, ки санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 12:20, шаҳрванд Саидбеков Ифтихор Назарбекович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ҷомӣ, бинои 15, дар дидбонгоҳи доимии Бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ  ба кирдорҳои авбошона даст зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намудааст.

Назари Ифтихор Саидбеков ба ин моҷаро ва сабабҳои муноқишааш бо кормандони БДА дастрас нест. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳам ҳанӯз ба даст нарасидааст ва маълум нест, ки оё байни ин сокини ҷавони Хоруғ ва кормандони БДА дар дидбонгоҳ чӣ гузашт?

Ифтихор Саидбеков як узви гуруҳи маъруф ба номи “комиссияи 44” аст, ки моҳи ноябри соли 2021 эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб карданд. Фаромӯз Иргашов, раҳбари “коммисияи 44” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти Саидбековро беасосу ғайриқонунӣ ва фишор ба ҷомиаи шаҳрвандӣ номидааст. Ба гуфтаи вай, Саидбековро дар постгоҳ дар ҳоле дастгир кардаанд, ки ӯ … пиёда аз роҳ мегузашт.

 Вале бино ба иттилои милитсияи Хоруғ, “шаҳрванд Саидбеков Ифтихор Назарбекович барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ дастгир карда шуда, нисбати ӯ чорабиниҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад”.

Моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои майдаайбошӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Боздошти ин сокини Хоруғ дар ҳолест, ки сокинони маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шумораи беш аз ҳадди дидбонгоҳҳо дар атроф ва дохили шаҳр шикоят мекунанд. Бардоштани дидбонгоҳҳо яке аз талабҳои эътирозгароне ҳам буд, ки баъди дар боздошт ҳалок шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков аз 25 то 28 ноябр, 4 рӯз дар маркази Хоруғ тазоҳурот доир карданд.

Аммо бо гузашти сеюним моҳ аз он эътирозҳо дидбонгоҳҳо дар дохил ва канораҳои шаҳри Хоруғ ҳамчунон боқӣ мондаанд. Мақомот ҳифзи ин дидбонгоҳҳоро, ки бархеаш аз соли 2012 ва қисми дигараш аз соли 2018 ба ин тараф амал мекунанд,  бо мақсади таҳкими қонуният ва тартибот зарур мешуморанд. Вале сокинон мегӯянд, ҳузури беш аз ҳадди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва он ҳам бо силоҳ дар кӯчаҳои шаҳр дар зеҳни мардум эҳсоси тарсу таҳлукаро ба вуҷуд оварда, сайёҳонро, ки мебоист ба як манбаи муҳими даромад барои вилояти Бадахшон табдил биёбанд, аз инҷо мегурезонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button