ВидеоҶомеа

ТАҲДИДИ ИХРОҶИ ДОНИШҶӮ АЗ ДОНИШГОҲ. САБАБ: БО МОШИН БА ДАРС ОМАД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 4 март хабар дод, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон бо мошин ба дарс омадани донишҷӯён қатъиян манъ карда шудааст, вале чуноне ки рейди навбатии кормандони милитсия ошкор сохт,  ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо мошин ба донишгоҳ ба дарс омадани донишҷӯён вуҷуд доранд.
Аз ҷумла кормандони милитсяи муайян кардаанд, ки донишҷӯи бахши чоруми факултети баҳисобгирии иқтисодӣ ва бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Исматов Фарҳод Зайниддинович, санаи таваллудаш 10.04.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Ҳундай Соната»,  рақами қайди давлатиаш 2010ES01 ба  дарс омадааст.  Вобаста ба ин ҳолатҷиҳати қабули қарори дахлдор аз ҷониби кормандони милитсия маводи лозима тартиб дода шуда, ба роҳбарияти вазорати маориф ва илм ирсол шудааст.

РВКД Душанбе таъкид кардааст, ки “тибқи муқаррароти мавҷуда дар ҳолати ошкор гардидани чунин ҳолатҳо донишҷӯ ба муҳлати 3-сол бе ҳуқуқи барқарорсозӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯёнро мебояд вақти пурқиммати худро ба омӯзишу таҳсил гузаронида, даст ба чунин қонуншиканиҳо назананд ва номи худро доғдор насозанд.”

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  моҳи ноябри соли 2021 хабар дода буд, ки донишҷӯи бахши сеюми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Муҳиддинов Худойназар Маҳмадсолеҳович, санаи тваллудаш 15.09.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Даҳана,  бо автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тойота Королла», рақами қайди давлатиаш 31 44 SS 01 ба донишгоҳ ҳозир шудааст.
Бар асоси як фармоиши вазорати маориф ва илм, бо мошин ба дарс омадани донишҷӯён дар мактабҳои олии Тоҷикистон қатъиян манъ  карда шудааст.  Ин маҳдудият дар баробари маҳдудиятҳои дигари мавҷуда дар Тоҷикистон, чун “фақат дар доираи оила гузарондани зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонон ва номгӯи таом ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷ дар маъракаҳои тӯю мотами мардум аз ҷумла тасмимҳоест, ки дар берун аз Тоҷикистон  аҷибу ғариб менамоянд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин навъ тасмимҳоро ҳамчун намунаҳои дахолати ноҷо ва нозарури давлат дар ҳарими ҳаёти хусусии шаҳрвандон  танқид мекунанд.

Худи донишҷӯён низ аз қарори манъи бо мошин ба дарс омаданашон чандон розӣ нест. Дар вақташ пешгирӣ аз худнамоии донишҷӯёни сарватманд дар назди ҳамсабақони нодорашон як далели ин тасмим ном бурда мешуд.

Вале донишҷӯён мегӯянд, бештар бо мошин онҳое ба дарс меоянд, ки пули таҳсил ва таъмини рӯзгори худро дар давраи донишҷӯӣ аз пушти мошинашон меёбанд.

Ба гуфтаи донишҷӯён, бисёрии онҳо баъди дарс маҷбуранд, ки чанд соат бо мошинҳои худ кирокашӣ кунанд, то ки пули гузарони зиндагӣ пайдо ва пули таҳсили худро ҷамъ кунанд. Аксари чунин донишҷӯён мошинҳои арзонаке, ба мисли “Опел” доранд ва азбаски дар саҳни донишгоҳ гузоштани мошинҳояшон метавонад сабаби ҷазо додани онҳо шавад, донишҷӯёни мошинсавор ҳоло аксар вақт мошини худро дар ягон таваққуфгоҳи наздик ба макони дарсашон гузошта, то донишгоҳ пиёда мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button