ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БОВАРНОКАРДАНИСТ! ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН ГУФТ, АЗ ИН МАНСАБ МЕРАВАД, ТО РОҲРО БАРОИ ҶАВОНОН КУШОЯД (ВИДЕО)

Президенти 64-солаи Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 11 феврал дар ҷаласаи ғайринавбатии Халқ Маслиҳати, маҷлиси болоии парлумони кишвараш, ки ба 15 соли президентии ӯ ихтисос ёфта буд, гуфт, хаста шудааст ва мехоҳад аз ин мақом канор рафта, роҳро барои ҷавонон бикушояд. Вале Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки аз раҳбарӣ пурра намеравад.

“Ман ба синни Паёмбар расидам. Ва ба ақидае омадам, ки дар ин марҳалаи руҳди кишвар бояд роҳи идораи давлатро барои раҳбарони ҷавон бикушоем. Ман мехоҳам таҷрибаи сиёсии худро дар оянда ҳамчун раиси Халқ Маслиҳати истифода барам”, гуфт Бердимуҳаммадов ба вакилон ва меҳмонони иҷлосияи парлумон, ки ҳамагӣ рост истода, ҳар як гуфтаи ӯро бо қалам дар дафтарҳояшон ёддошт мекарданд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, духтури дандон ва собиқ вазири тандурустии Туркманистон, дар аввали соли 2007 дар пайи даргузашти Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ, ки аз соли 1986 роҳбари ин ҷумҳурии саршор аз манобеи нафту гази Осиёи Марказӣ буд, ба қудрат расид. Соли 2007 Бердимуҳамадов бо баргузории як интихобти дигар замони раёсаташро то соли 2024 тамдид карда буд. Нозирони ғарбӣ то кунун ягон интихоботи доиршуда дар Туркманистонро ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд.

Рӯзи 12 феврал, алакай як рӯз баъд аз эълони азми Бердимуҳаммадов барои рафтан аз мақоми президентӣ, Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон эълон кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ алакай рӯзи 12 март доир мешавад. Бозаргон Ғарраев, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузории Франс Пресс гуфт: “Президент ба мо дастур дод, ки ба интихоботи пеш аз муҳлат дар санаи 12 март тайёрӣ бинем”.

Нозирон муътақиданд, ки ба интихоботи Туркманистон ягон номзади мухолифинро роҳ нахоҳанд дод ва ба эҳтимоли ғолиб, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов  курсии президентиашро ба писари худаш Сардор Бердимуҳаммадов месупорад. Сардорро, ки моҳи сентябри соли 2021 ба синни 40 расид ва ҳаққи пешбарии номзадиаш ба президентиро ба даст овард, кайҳо боз  ҳамчун вориси эҳтимолии тахту тоҷи падараш рақам мезананд ва ӯ дар як муддати кӯтоҳ дар чандин мансаби калидӣ нишаста, моҳи феврали соли 2021 муовини сарвазири Туркманистон таъйин шуд, амалан дар фосилаи ҳамагӣ як қадам то расидан ба курсии падараш қарор дорад.

Баъди онки дар Қазоқистон президенти кунуниаш ҚосимЖомарт Тоқаев бо истифода аз эътирозҳои хунини моҳи январ бар хилофаи тааҳҳудоти қаблиаш президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ва аҳли оилаву одамони ӯро аз қудрат берун андохт, дар Туркманистон ва ҳамчунин дар Тоҷикистон дигар касе дар фикри ба ягон нафар “муваққатан” бовар кардани курсии президентӣ нест.  Ва чунин ба назар мерасад, ки дар берун аз ин қаламрав низ гумоне аст, ягон ҳокими худкома риск кунад ва курсии худро ҳатто “муваққатан” ба ягон “бегона” бовар кунад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов  ҳамчун президент бештар бо амалҳои аҷибу ғарибаш, мисли пианинову гитар навохтану бо набераҳояш сурудҳои эҷодкардаи худашро хондан, машгқи варзиш дар толори фитнесаш ваё ба сарбозони нирӯҳои вижа (спетсназ) ёд додани тирпарронию кордпартоӣ дар ёдҳо боқӣ мондааст. Бердимуҳаммадов дар ҳоле тарки мақоми президентӣ мекунад, ки бино ба хулосаи начандон гуворои Радио Азатлык  аз 15 соли президентиаш, “бо вуҷуди манобеи саршори табиӣ, ба сабаби роҳбарии бади Бердимуҳаммадов, ки 15 сол боз асосан ба парастиши шахси худ машғул буд, Туркманистон тайи  5 соли охир дар ҳоли буҳрони хеле вазнини иқтисод қарор дорад. Ин буҳрон ҳамроҳ бо афзоиши пайвастаи нархҳо, ки дар солҳои охир то чанд маротиба боло рафтанд, ҷараён дорад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button