ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ЧАНОҚ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳи Душанбе  –  Хуҷанд –  Чаноқ, ягона роҳи мошингарди байни вилояти Суғд ва маркази кишвар хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, шаби 10-уми феврали соли 2022, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Олтмишев Қаҳрамон Алишерович, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Усмонзода Манучеҳр соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Усмонзода М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Даҳҳо нафар аз қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ пиёдагардон ё дучархаронҳоянд, ки зери чархи мошинҳои сабукраву боркаш ҷон медиҳанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Дар фасли зимистон хатари садамаҳо дар роҳҳо боз ҳам бештар мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button