ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПОСУХИ РАИСИ СУҒД БА РАИСИ БОДКАНД: РОҲИ ӮШ – ИСФАНА АЗ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД, ИН ЗАМИНИ БАҲСӢ НЕСТ!

Вокуниши раиси вилояти Суғд ба изҳороти ҳамтои қирғизаш: “Роҳ хоки Тоҷикистон аст ва баҳс намешавад”

Муаллиф: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақоми ин мавзеъ ва ин қитъаи роҳ набояд мавриди гуфтушунид қарор гирад,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як изҳорот гуфт, роҳи Ӯш-Исфанаи Қирғизистон аз болои дарёи Исфара ва аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Вай дар як суҳбат бо “Азия-Плюс” ба гуфтаҳои раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев вокуниш нишон дод ва гуфт, “275 метр қитъаи роҳе, ки ҷониби Қирғизистон онро “Торт-Кочо” мегӯянд, замини аслии Тоҷикистон аст”.

Раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев, рӯзи 30 январ дар як суҳбаташ бо Sputnik Қирғизистон гуфтааст, “то ҳол қитъаи ТортКочо дар вилояти Бодканд ба таври қонунӣ ба расмият надаромадааст. Бастани роҳ дар ТортКочо ғайриқонунӣ аст, зеро ин минтақа ҳоло ба касе тааллуқ надорад. Аз он ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, чун қитъаи ТортКочо қаламрави Тоҷикистон ҳисоб шавад, аммо ин ғайриқонунӣ аст”.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як изҳороташ ва дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтаҳои раиси вилояти Бодкандро нодуруст хонд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду паҳлӯи соҳилаш 275 метр дарозӣ дорад, ки роҳи Ош-Исфана аз он ҷо мегузарад, дар асл замини аслии тоҷикон аст. “Ҳамсояҳо ҳеҷ асоси қонунӣ надоранд, ки ин қитъаро баҳсбарангез донанд“, – гуфт раиси вилояти Суғд.

«Қитъаи мавзеи маҳаллаи Зарафшон, ё ки онро ҷониби қирғиз ТортКочо меномад, мувофиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетии соли 1989, бебаҳс ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин қитъаи роҳи автомобилгард ва пул бо дархости ҷониби Қирғизистон тибқи протоколи байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон аз 18 майи соли 2007 ба мўҳлати 49 сол бо арзиши рамзӣ ба иҷора дода шудааст”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев дар суҳбат ба расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, дар мавриди ин масъала “комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории марзӣ кор мекунад ва умедворам, ки ин масъала ҳали худро меёбад”.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев

Аммо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вокуниш ба ин гуфтаҳои ҳамтои қирғизаш илова кард, ки “мақоми ин мавзеъ набояд мавзуйи гуфтушунид дар доираи Комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марзӣ давлатӣ қарор гирад”.

“Мо дарк мекунем, ки иртиботи нақлиётӣ бо ноҳияи Лайлак барои Қирғизистон то чӣ андоза муҳим аст ва мо ният надорем, ки барои ҳамсоягони худ монеа эҷод кунем, ба шарте ки онҳо барои ҳаракати озоди шаҳрвандони Тоҷикистон, интиқоли моли барои эҳтиёҷоти дохилӣ ва лозим барои тиҷорат дар ин роҳ монеа эҷод накунанд”, гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд дар робита ба муноқишаи хунини шаби 27-уми январ, ки байни шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя ба миён омад гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ин қитъаро ҳамчун фишанги фишор болои кишвари ҳамсоя истифода намебарад.

Аҳмадзода илова кард, ки “агар мавриди бастани роҳ ҷой дошта бошад, пас ин ё дар ҷавоб ба амалҳои ғайриқонунии тарафи дигар ва ё ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони ду давлат ҳангоми даргириҳо, ҳамчун чораи муваққатӣ сурат гирифтааст”.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, қитъаи 275-метраи қаламрави Тоҷикистон, аз ду паҳлӯи соҳили дарёи Исфара – деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёнро ба ҳам мепайванданд, ҷойгир аст. Инчунин деҳаҳои қирғизнишини Кок-тош ва Ортабоз дар ин ҷо мавқеият доранд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20220201/vokunishi-raisi-viloyati-sud-ba-yak-izoroti-raisi-viloyati-bodkand-dar-mavridi-roi-275-metrii-toikiston

Нақшаи роҳи 275-метраи Тоҷикистон, ки ҷониби Қирғизистон онро баҳсӣ медонад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button