ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 750 МЕТР НОҚИЛҲОИ “ТОҶИКТЕЛЕКОМ” ДАР РӮШОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 28 январ аз ошкор шудани ду ҳодисаи дуздӣ дар Ваҳдат ва Рӯшон хабар дод.

Ба ШВКД ноҳияи Рушон бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи зикргардида муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми январи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди қитъаи техникӣ силкҳои телефони ҶСК-и “Тоҷиктеллеком” 750-метр ТПП 200х2-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 67 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми январи соли 2022, тахминан соати 24:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button