ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ РӮЗИ 26 ЯНВАР: НОМ БА НОМ – КӢ ЧӢ ВАЗИФА ГИРИФТ? (5 AKC)

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи тағйироти кадрӣ дар мақомҳои раҳбари ин кишварро тасдиқ кард ва гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январ дар Қасри миллат  бо кадрҳои тозатаъйин мулоқот кардааст.

Бо фармонҳои президент, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи вазири кишоварзӣ озод ва муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин карда, ӯро дар роҳбарии вазорати кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғаффор, ки то имрӯз муовини авввал вазир буд, иваз кардааст. Ба навбати худ, Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки то имрӯз муовини вазири кишоварзӣ буд, бо қарори ҳукумат, аз ин вазифа озод ва билофосила муовини якуми вазири кишоварзӣ таъйин шудааст.

Ҳамчунин, бо фармонҳои президент, Ҳошимзода Раъно – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шӯҳрат – раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд.  Ҳамин тавр, дар мувофиқа бо президент, Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр мудири кулли Корхонаи муштараки  тиллошӯии Тоҷикистону Канада “Апрелёвка” дар шаҳри Гулистон таъин шуданд.

Раъно Ҳошимзода, ки 53 сол дошта, номзади илмҳои иқтисодист, то кунун раиси шаҳри Бӯстон буд. Шаҳрдори нави Бӯстон Мавсума Муинӣ, ки 41 сол дорад, 5 соли охир муовини шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ буд. Ҳошимзода ва Муинӣ танҳо ду роҳбари зан дар байни раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд.

Муҳаммадзода Шӯҳрат то кунун роҳбари ҶДММ “Рахшона” будааст. Ин ширкат 562 гектар замини корамро дар Ашт дар ихтиёр дошта, соли 2020 дар ин ноҳия ҳавзи моҳипарварие сохта буд, ки дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Сулаймон Зиёзода 60 сол дошта, 1 январи соли 1962 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омадааст. Зиёзода соли 1983 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои зиёде дар ноҳияи Зафаробод кор кардааст ва аз соли 2016 то 2018 раиси ин ноҳия буд. Зиёзода ҳамчунин то вазир шуданаш дар мақомҳои муовини аввали раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Деваштич кор кардааст.

Саъдӣ Каримзода  52 сол дошта, 12 августи соли 1969 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1995 сазовори унвони номзади илмҳои биологӣ шудааст. Саъдӣ Каримзода аз соли 1998 то 2007 дар созмони Агроаксияи Олмон ва сипас то соли 2011 дар Агентии рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) кор карда, аз соли 2012 то 2020 раҳбари лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» буд. Саъдӣ Каримзода 27 январи соли 2020 ба мақоми муовини аввали вазири кишоварзӣ таъйин шуд.

Зариф Мирдадо то имрӯз раиси ноҳияи Ашт буд. Исми Даврон Зоҳидзода қаблан дар чанд ҷанҷоли коррупсионӣ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла ҳабси журналистон Муҳаммадюсуфи Исмоил ва Хайрулло Мирсаидовро ба ӯ рабт медиҳанд. Мирсаидов бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ баъди 8 моҳи ҳабс раҳо ёфт ва ба Аврупо паноҳ бурд, вале Исмоилов боз бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ қариб 9 сол боз дар маҳбас қарор дорад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъингардида “дастуру супоришҳои муфид дода… риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба сӯииситифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳалли саривақтии мушкилоти мардумро талаб кардааст.”

Таъиноти кадрӣ 26.01.2022

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№316

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд озод намудани Маҷидӣ Б.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№317

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд озод намудани Ҳошимзода Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№318

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд озод намудани Зоҳидзода Д.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№319

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти
вилояти Суғд озод намудани Мирдадо З.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№320

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№321

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода С.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Каримзода Саъди Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№322

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони
вилояти Суғд таъин намудани Ҳошимзода Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№323

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони
вилояти Суғд таъин намудани Муинӣ М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муинӣ Мавсума Муинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№324

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд таъин намудани Маҳмудзода Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмудзода Қаюмҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№325

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд
таъин намудани Муҳаммадзода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муҳаммадзода Шӯҳрат раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 январи соли 2022
№326

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 январи соли 2022 №3
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Каримзода С.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Саъди Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 январи соли 2022 №4
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Музафар Бурҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 26 январи соли 2022 №5
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири
кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзозода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button