ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗДОШТИ 5 ҚӮРУКШИКАН (БРАКОНЕР) ДАР “БАҲРИ ТОҶИК”

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки нозирони раёсати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита дар обанбори “Баҳри Тоҷик” дар вилояти Суғд 5 нафар қӯруқшикан (браконер) -ро дастгир кардаанд.

“Дастгиршудагон бо тӯрҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд. Аз қонуншиканҳо 15 адад тӯрҳои моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии тамғаи “Тахассу-15” ва 220 дона моҳиҳои намуди сӯфмоҳӣ (судак), карас ва жерех, ки вазнашон 72 килоро ташкил медод, мусодира  карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Нисбат ба қонуншиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ба онҳо барои моҳигирии ғайриқонунӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button