ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО+3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ТАРМАИ БУЗУРГИ ДАРОЗИАШ 600 МЕТР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАСТ

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 17 январ хабар дод,  ки “чанд лаҳза пеш дар километри 65 –уми роҳи ДушанбеЧаноқ тармае, ки дар ин масир собиқа надорадбаландиаш 10 метр ва паҳноияш зиёда аз 600 метр, фаромад. Ба таври фаврӣ дар минтақаи зикршуда аз ҳарду ҷониб 6 техникаи пуриқтидор ба тоза кардани тармаи зикршуда шурӯъ намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз субҳи 16 январ баста аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан хабар дод, ки 16 январ дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66, 68, 69, 70, 72, 73 ва 74  роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави Майхӯра, Ҳушёрб ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Шабонарӯзи гузашта кормандони наҷоти КҲФ ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва хадамоти роҳи ширкати “IRS” 20 ронанда ва мусофирони  мошинҳои дар миёни тарма мондаро ба макони бехавфу хатар интиқол додаанд. 

Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз қабл ҳушдор дода буд, ки аз 15 то 20 январ дар водиҳои ин кишвар боридани борон ва аз 17 то1 9 январ дар ноҳияҳои кӯҳистон ва баландкӯҳ боридану барфу борон пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезиҳои шадид низ пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 17 январ гуфт, ҳамоно дар роҳҳои  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст. Ин кумита аз ронандагон хостааст, ки  дар роҳҳои кӯҳистон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурати оҷил ба роҳ набароянд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:

– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;

– Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе  – 225-44-62, 225-44-76

– Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744

– Навбатдори масъул дар вилояти Суғд – рамз 3422 тел: 51555, 57995

– Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827

– Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657

– Навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374

– Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button