ВидеоҶомеа

ПРАПОРШИК ШОҲРУХ САНГАЛИЕВ ЛЕЙТЕНАНТИ КАЛОН ҲОФИЗИ САЙМУРОДРО КОРД ЗАД

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бархе ҷузъиёти парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро, ки ба расондани зарари вазнин ба саломатии лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод айбдор дониста шудааст, нашр кард.

Тафтиши ин парвандаро нисбат ба сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, санаи таваллудаш 02.02.1999, додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе  анҷом дода, онро додгоҳи ҳарбии гарниҳони Душанбе баррасӣ кардааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кул, Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ фиристода шуда, дар онҷо даст ба ҷинояти вазнини қасдона задааст.

  Чунончӣ, шоми 16 августи соли 2021, тахминан соати 19 30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 45045 прапоршик Сангалиев Шоҳрух ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст.

 “Дар рафти муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенантӣ калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барои ҳаёт хавфнок расонидаааст”, гуфта мешавад дар иттилоия.

  Додситонии кул мегӯяд, додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, судшаванда Сангалиевро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кард. Ба чӣ ҷазое маҳкум шудани прапоршик Сангалиев гуфта нашудааст, вале қисми якуми моддаи 110 барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнини барои ҳаёти инсон хафвнок ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи прапоршик Сангалиев  ва тарафи ҷабрдида дастрас нест ва маълум нест, ки шоми 16 август байни ӯ ва лейтенанти калони Ҳофизи Саймурод чӣ гузашт, ки Сангалиев даст ба корд бурд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button