ВидеоИлму фанноварӣНомаҳо ба президент

ДАР ЯК СОЛ РИСОЛАИ ИЛМИИ 90 ОЛИМИ ТОҶИК БАҲОИ 2 ГИРИФТАААСТ

Комиссияи олии аттестатсионии вобаста ба президенти Тоҷикистон, ки масъулияти тасдиқи рисолаҳои номзадиву докторӣ ва унвонҳо илмиро дар ин кишвар дар даст дорад, бо нашри рӯйхатти фармонҳояш дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки дар тӯли соли 2021 дар маҷмӯъ 90 қарори Шӯроҳои диссертатсиониро рад карда, додани унвони номзад ё доктори илм ба 90 довталабро рад кардааст. Барои муқоиса, ин комиссия соли 2020 рисолаи илмии 27 нафар ва соли 2019 рисолаҳои илмии 20 довталаби унвони илмиро рад карда буд.

Дар рӯйхатти сиёҳи радшудагон асосан онҳое ҷой гирифтаанд, ки рисолаи номзадии худро дифоъ карда, мехостанд соҳиби унвони номзади илм бишаванд. Дар рӯйхат нафарони дар ҷомиа шинохта тақрибан ба назар намерасанд, вале дастикам ду довталаби унвони илмӣ аз Афғонистон низ дида мешаванд.

 Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар фармоиши худ №226 аз 29 июни соли 2021 ба хулосае расидааст, ки рисолаи Мир Абдул Қаюм Ансорӣ дар мавзӯи “Таъсири шароити иқлим ва меъёри гуногуни нурии фосфорӣ ба хусусиятҳои физиологӣ ва биокимиёии соя дар минтақаҳои шимоли Афғонистон” ба сабаби пас аз пешниҳод ба Шӯрои диссертатсионӣ ворид кардани ислоҳу иловаҳо дар матни он рад карда шавад.

Ҳамин тавр, ин комиссия дар фармоиши худ №210  аз 18 июни соли 2021 рисолаи Фаттона Бадахшро барои дарёфти унвони номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои таърихӣ ва иҷтимоӣ дар осори Мӯъмин Қаноат ва Восифи Бохтарӣ (таҳқиқи қиёсӣ)” бо дархости худи довталаб ва хулосаи шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ бозхондааст.

Рӯйхатти пурраи 90 нафаре, ки рисолаҳояшон рад шуд, инҷост:

http://vak.tj/index.php/17-diplom-attestat-va-sha-odatnoma-o/3616-farmoish-o-oid-ba-dodani-dara-ai-ilm-bojgon-2021

Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар тӯли соли 2021 дархости эътои унвонҳои илмӣ ба 45 нафарро рад кардааст. Аксари онҳо барои дарёфти унвони дотсентӣ пешниҳод шуда буданд.

Дар ин рӯйхат як идда аз шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла овозхонҳо Маҳрухсори Сафӣ ва Хурсандмурод Зарипов, корманди вазорати маориф Абдусамад Муллоев, устоди фанни журналистика дар Донишгоҳи Хуҷанд Дилбар Самадова, вакили парлумон Лутфия Абдухолиқзода, ноиби ректори Консерваторияи миллӣ Салим Каримзода, котиби илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо Наргис Раҳмонзода ва чандин декану мудирони кафедраҳо ва устодони мактабҳои олии Тоҷикистон дида мешаванд.

Рӯйхатти пурраи 45 нафаре, ки рутбаи илмӣ гирифта натавонистанд, инҷост:

http://vak.tj/index.php/unvonhoi-ilmi/farmoish-oi-rad-kardani-dodani-u-at-o-1

То чанд соли пеш олимони тоҷик рисолаҳои номзадии худро дар ВАК ё Комиссияи олии аттестатсионии Русия тасдиқ мекарданд ва аз онҷо унвони номзад ё доктори илм ба даст меоварданд. Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар пайи дар матбуоти Русия, бахусус тавассути пойгоҳи “Диссернет” фош шудани даҳҳо мавриди бо роҳи дуздии матни рисолаҳои дигарон соҳиби унвони илмӣ шудани ба ном “олимон” аз Тоҷикистон ташкил шуд. “Диссернет” то имрӯз дар маҷмӯъ беш аз 60 “олим” аз Тоҷикистонро ба асардуздӣ айбдор кардааст. Унвонҳои илмии чандин нафари онҳо дар пайи фош шудани асардуздиашон расман бекор карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button