ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲОКИМИ АЗИЗ, ЯКЕ АЗ СИТОРАҲОИ РАДИО ВА ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК

Ҳокими Азиз, яке аз хушномтарин журналистони радио ва телевизиони тоҷик, рӯзи 9 январ дар синни 61 аз олам чашм пӯшид.  Журналисти шинохта ва ҳамсабақи донишгоҳии марҳум Бобоҷон Шафеъ  хабар дод, ки Ҳокими Азиз дар пайи бемории тӯлонӣ ба иллати фишори баланд фавтид.

“Дирӯз, 9-уми январи соли 2022 Ҳокими Азиз – журналисти маъруф, муаллифи чандин барномаҳои шуниданиву диданӣ дар радиову телевизион, муаллиф ва таълифгари китобҳои зиёд, повесту романҳои детективӣ (ҳамроҳ бо бародари қаламкашаш Шарифбек) баъди як беморӣ аз ин дори фано ба олами бақо хиромид. Аз сафи қаламкашони варзидаи кишвар боз яке кам шуд. Суханвари Дарвозро оромгоҳе дар пойтахти кишвар ба оғӯш кашиду манзили охират дод. Ҳокими гиромӣ, ки чандин соли охир бо фишорбаландӣ дасту панҷа нарм мекард ва шояд се сактаи мағзиро ҳам дар бемористонҳо пушти сар гузошт, аз ҳамлаи фишор ин бор инону ихтиёр аз даст дод ва ҷон ба муваккилони қазову қадар таслим кард ва моро дар ин ҷодаи пур аз фитнаву шар ва саропо мушкил танҳо гузошт”, навиштааст Бобоҷони Шафеъ.

Ҳокими Азиз 20 июни соли 1960 дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаст. Ӯ аз ҳамон сол дар радиои тоҷик фаъолиятро шурӯъ намуда, ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррири идораи барномаҳои адабию драмавӣ силсилагуфтори «Дар сўҳбати адиб» – ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» – и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳокими Азиз солҳои 1997- 2005 дар телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ  кор кард ва аз ҷумла муалифи барномаи «Сўҳбати мардона» (1997-2000) буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Ҳокими Азиз муаллифи чандин китоб аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ буд ва  ҳамроҳи бародараш Шарифбек қиссаҳои детективӣ низ менавишт.

Сӯҳроби Зиё, хабарнигори ТВ форсии ББС, Ҳокими Азизро яке аз азизтарин ва маҳбубтарин рӯзноманигорони тоҷик барои бинандаҳои ТВ Тоҷикистон дар даҳаи 1980 ва 1990 номида, навиштааст: “Ин субҳ ҳамроҳи дӯсти ҳампешаамТиллои Некқадам ба манзилаш барои дуъо рафтем ва писарашро дидем ки комилан шабеҳи раҳматии падараш аст. Худованд умрашро дароз кунад! Ёди Ҳокими азиз дар қалбҳои мардуми огоҳу бедор ва аҳли қалам бо барномаҳои ҷаззоби диданӣ ва шуниданӣ дар садо ва симои кишвар ва матлабҳои хонданиаш дар матбуот бидуни шак ҷовидона ҳаккокӣ шуда.Рӯҳаш шод ва қарини раҳмати илоҳӣ бод!

Бобоҷони Шафеъ менависад, Ҳокими Азиз дар ҳоле аз дори дунё рафт, ки нақшаҳои зиёде дар сар дошт: Охирин дидорамон дар беморхонаи Советский буд. Ӯ, ки чанд рӯз аз оламу одам бехабар, беёду ҳуш мехобид, баъдан ба ҳуш омад ва аз бахши эҳё ба палата оварданд ва дар ҳамон лаҳза муддате ҳамсуҳбат шудем. Ман азми сафар ба диёр доштам ва чун мегуфт мусоҳибаҳояшро гирд меоварад, гуфтам, ки ҳоло аввал аз ин бистар бархез ва баъдан бо ҳам китоби суҳбатҳоятро мураттаб хоҳем кард. Барояш ваъда додам, ки кулли матолиби китобашро худам мехонам ва омодаи чоп мекунам. Дардову дареғо, ки ҳам ваъдаву ҳам дидор ба қиёмат монд.

Ҳоким аз зумраи касоне буд, ки на ҷисману на руҳан наметавон онҳоро шикаст. Матонат дошт, чун фарзанди кӯҳистон аз ҳамон “сахтҷонҳое” буд, ки устод Лоиқ пайваста ситоиш карда. Касе дар ҳеч ҳолате натавониста буд иродаи ӯро бишканад, қалбашро, меҳрашро ба касбаш сард кунад. Ба зиндагӣ ҳамеша меҳр дошту самимона ва бо умед пайроҳаҳои мушкилгузарро тай мекард.

Аз издивоҷи Ҳокими Азиз бо ҳамсари собиқаш Моҳрухсор Сафиева, овозхони шинохта ва  хоҳари шоири шаҳир Гулрухсори Сафӣ, ду фарзанд ба ёдгор монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button