ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НАШРИ ҶУЗЪИЁТ ВА НОМИ 4 ҚУРБОНИИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ ДЕВАШТИЧ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бархе тафсилот ва ҳам номи чор қурбонии садамаи ӯзи 6 январ дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичро нашр кард. Ҳамаи қурбониён аз як оила аз деҳаи Нурободи ин ноҳия будаанд.

Бино ба иттилои ВКД, 6-уми январи соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳақбердиев Фаррух Абдураимович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда Соҳибназаров Раҳмат Бегназарович, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Соҳибназаров Р.Б. ва мусофиронаш: Соҳибназаров Наимҷон Бегназарович, соли таваллудаш 1965, Соҳибназарова Дилбар Бегназаровна, соли таваллудаш 1969 ва Ғоибова Олмахон Тӯйчиевна, соли таваллудаш 1969, сокинони деҳаи Нурободи ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки нимаи дуюми 6 январ, бар асари ба мошини боркаши “Mercedes Atego” бархӯрдани мошини сабукрави “Opel Zafira” дар километри 254-уми шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд – Чаноқ дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ронанда ва се мусофири мошини сабукрав дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Наҷотбахшони воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд барои берун кашидани ҷасадҳо бо таҷҳизоти гидравлики дарҳо ва пояҳои кузови мошинро бурида, сипас боми “Опел”-ро сӯрох кардаанд.

“Мошини боркаши тамғаи «Mercedes Atego», таҳти идораи сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Истаравшан ба тарафи шаҳри Хуҷанд ба сабаби аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандааш ба мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira» таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Деваштич, ки аз сӯи шаҳри Хуҷанд ба тарафи Истаравшан мерафт, бархӯрдааст. Ҳангоми садама дар мошини боркаш ронанда ва як мусофир – сокини 58-солаи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошта, дар мошини “Опел” ронанда бо се мусофир – ҳама аз як оила сафар доштаанд. Дар натиҷаи садама ронанда ва се мусофири “Опел” дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ронанда ва мусофири «Mercedes Atego» ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Онҳоро ба бемористони ноҳияи Спитамен интиқол додаанд”, – гуфта мешуд дар хабар.

Қаблан ВКД дар бораи ду садамаи марговар дар Қубодиён ва Файзобод хабар дода буд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button