ВидеоТоҷикистон

БАР AСАРИ ТАРКИШ ДАР МАРКАЗИ ТАБОБАТИИ ЧИЛЛАМАЗОР 6 КАС ЗАХМӢ ШУДААСТ

Шаби 3 январ, тахминан соати 22 бар асари таркиш дар маркази табобатии «Оби шифобахш», воқеъ дар деҳаи Чилламазори ҷамоати ба номи А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат 6 нафар ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо тасдиқи ин хабар гуфт, иллати таркиш ҳанӯз пурра аниқ карда нашудааст, вале ба гуфтаи духтурон, дар ин ҳодиса чанд ҷойи бадани он 6 захмӣ сӯхтааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, рӯзи 5 январ мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифобахши Чилламазор ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Деҳаи Чиламазор дар 6-километрии шаҳри Ваҳдат ва 27-километрии Душанбе ҷойгир шудааст.

Бино ба иттилоияи расмӣ, ташхис нишон додааст, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шарҳ додааст, ки пропан аз ҷумлаи газҳои табиӣ буда, пропани тоза бӯй надорад, вале ба гази техникӣ метавонад унсурҳо ва пайвастҳое ҳамроҳ шаванд, ки газро бӯйдор кунанд. Пропан  чун дигар газҳои карбогидридӣ сӯзанда ва тарканда  мебошад. Чандон зиёд заҳролуд нест, вале ба системаи марказии асаб таъсири хатарнок дошта метавонад. Ин газ ҳамчунин метавонад дар  бархе мавридҳо боиси заҳролудшавӣ, қайкунӣ шавад ва ҳатто ҳодисаҳои аз заҳролуд шудан ба ин газу фавтидани одамон сабт шудаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button