ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БОЗ ШУД, ВАЛЕ НА БАРОИ ФУРАҲО

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, субҳи 2 январ хабар дод, ки ҳаракати нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ, ба ҷуз аз фураҳо ва нақлиёти присепдор, барои дигар васоили нақлиёт имконпазир шудааст. 

Аз ронандагон танҳо хоҳиш шудааст, ки бо нақлиёте, ки тири пешбар (передок) надоранд, ба роҳ набароянд. “Зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ба гузориши дигар автомобилҳо монеа эҷод менамоянд. Роҳатон сафеду сафаратон бехатар бод!” – гуфта мешавад дар иттилоияи IRS.

Ин ширкат шаби 1 ба 2 январ хабар дода буд, ки “бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи ДушанбеЧаноқ муваққатан боздошта шуд.  

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то 5 январ дар водиҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва дар манотиқи кӯҳистон боридани барф дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ахиран аз ронандагон хост ба далели якбора сард шудани ҳаво ва боридани барфу борон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд. Бавижа бо роҳҳои кӯҳистон.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button