ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ДАР СЕМОҲАИ СЕЮМ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ФИРИСТОДААНД

Тайи се моҳи июл, август ва сентябри соли 2021 ва асосан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 534 миллион доллар пул фиристодаанд, – хабар дод Бонки марказии Русия. Та            и 9 моҳи соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва боз ҳам асосан бо шарофати муҳоҷирон алакай 1 миллиардқ 289 миллион доллар пул ирсол шудааст.

Бар асоси омори расмии Бонки марказии Русия, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар семоҳаи сеюми соли 2021 дар байни кишварҳои СНГ дар мақоми сеюм қарор дорад.  Аз ҳама бештар дар моҳҳои июл, август ва сентябр аз Русия ба Ӯзбекистон (1 миллиарду 668 миллион доллар) пул фиристодаанд. Дар ҷои дуюм боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ  –  Қирғизистон истодааст, ки дар семоҳаи сеюм аз Русия ва низ асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 619 миллион доллар пул дарёфт кардааст. Аз аввали сол Ӯзбекистон аз Русия алакай 3 миллиарду 410 миллион доллар ва Қирғизистон 1 миллиарду 570 миллион доллар пул гирифтаанд.

Ду кишвари муҳоҷирфиристи Қафқози ҷанубӣ: Озарбойҷон ва Арманистон бо 281 ва 268 миллион доллар пули аз Русия барояшон ирсолшуда дар ин “чемпионат” баъди се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд.

Вале маълум мешавад, интиқоли пул ба кишварҳои СНГ, манобеи асосии таъмини бозори Русия бо нерӯи корӣ, дар ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ин кишвар нақши ночизе доштааст. Дар умум дар семоҳаи сеюми соли 2021  аз Русия ба хориҷ 11 миллиард миллиард доллар фиристодаанд, ки аз он танҳо  3,8 миллиардаш ба кишварҳои СНГ ва 7,2 миллиарди боқимондааш ба кишварҳои хориҷаи дур ва асосан ба Ғарб рафтааст. Барои муқоиса, дар семоҳаи сеюм аз Русия ба Швейтсария наздики 1,9 миллиард ва ба Амрикову Бритониё мутаносибан наздики 700 ва 600 миллион доллар пул интиқол додаанд. Вале агар ба кишварҳои СНГ маоши бо заҳмат бадастовардаи муҳоҷиронашон фиристода шавад, миллиардҳое, ки ба Ғарб мераванд, сармояҳоест, ки аз Русия “мегурезонанд.”

Дар умум соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32% камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.

Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button