ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

АЗ “БИБИСАНАМ” ТО НИГОРА ВА СУРӮШ: ИСМАТУЛЛО ХОЛОВ БА СИННИ МУБОРАКИ 60 РАСИД! (ВИДЕО)

Исматулло Холов, овозхони шинохтаи тоҷик, ҳамдеҳа ва ҳамсаффи шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, рӯзи 1 январ ба синни мубораки 60 расид. Боварнокарданист, вале агар зиндаёд Кароматуллоҳи Қурбон, ҳамсаффи Исматулло Холов соли 1992 кушта намешуд, имрӯз низ ба синни 60 мерасид…

Роҳи Исматулло Холов  ба саҳна дар миёнаи солҳои 80  аз ансамбли овозадори “Суғдиён” оғоз ёфт, ки ситораи авввал ва алакай шинохташудаи ин гуруҳи ҳунарӣ Кароматуллоҳи Қурбон буд. Ва нахустин таронаи Исматулло Холов бо номи Бибисанамҷон” барояш дар як они воҳид шуҳрат овард ва ӯро дар раддаи аввали овозхонҳои матраҳи эстрадаи тоҷик қарор дод.

Баъди ба ансамбли “Гулшан” гузаштани Кароматуллоҳи Қурбон гуруҳи “Суғдиён” ба тадриҷ шуҳрату овозаи қаблиашро аз даст дод,  вале исми Исматулло Холов солҳои зиёде дар арсаи эстрадаи тоҷик танин меандохт.

 “Гулиҷон”, “Биё, биё, ҷонона”, “Гул хор дошт”, “Ишқ биҷӯ” аз дигар таронаҳои мондагори ин овозхони боистеъдоданд, ки ба ёдгор мемонанд.

Исматулло Холов баъди “Суғдиён” чандин сол дар гуруҳи “Садои Шарқ” ҳунарнамоӣ кард, як муддат рӯ ба тиҷорат овард ва барои фурӯш аз хориҷ асбоби мусиқӣ меовард.

Исматулло Холов дар аввоили солҳои 2000 боз ба саҳнаи ҳунар баргашт, вале ин дафъа ҳамчун мураббии фарзандонаш. Ду фарзанди Исматулло Холов –  Нигора ва Сурӯш роҳи падарро дар арсаи ҳунар идома доданд ва ҳоло ҳарду овозхонҳои шинохтаи кишвар ба шумор мераванд.

Сурӯш Холов дар табрики ҷашни падараш дар Фейсбук ин суханонро навиштааст:

“Падарҷонам, дар умрам раҳнамоӣ,

Сафобахши дили фарзандҳоӣ!

Набинӣ ҳеҷ гаҳ ғамро, падарҷон!

Бароям аввалин баъди Худоӣ!

Бо ихлосу сипосу арҷу эҳтиром 60-солагиятонро таҳният мегӯям, давлати сарам, нурбахши хонаву дарам, роҳбарам, некахтарам! Падарам!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button