ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

МАСТОНА МУСИРОВА БАРОИ ҚАТЛИ ШАВҲАРАШ БА 15 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи вилояти Хатлон Мастона Мусирова,  зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхиро дар одамкушӣ гунаҳкор шинохта, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.  Мастона Мусирова шаби 18 ноябри соли 2021, тахминан соати 21:50, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ шавҳари чилсолааш Халил Мусировро бо 4 зарбаи табар ба ҳалокат расонда буд. Дар натиҷа, ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар бемористон ба ҳалокат расид.

4 фарзанди ин оила дар пайи ин муноқишаи хунин бесаробон монд.

Тавре қаблан гузориш шуда буд, Мусирова Мастона аввал чунин нишондод додааст, ки гӯё шабона марди ношиносе ба хонаи онҳо ҳамла оварда, шавҳарашро бо табар захмӣ кардааст.

Вале дар рафти тафтиши қазия муфаттишон ба хулосае расиданд, ки ба сари Халил Мусиров дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ҳамсари худаш 4 зарбаи табар задааст.

Мастона Мусирова баъдан ҳангоми пурсиш эътироф кард, ки шавҳарашро худаш куштааст. Ӯ гуфт, “аз рӯзе ки ба ин хонадон келин шуда омадам, рӯз надоштам. Ҳамеша мезад маро, азобу уқубат медод. Ҳамон рӯз худам намедонам ҳатто, ки чӣ хел табарро ба даст гирифтаму ӯро задам…”

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешу табори наздик хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Танҳо моҳи ноябр дар бораи 8 чунин мавриди куштор ё қасди куштори аъзои оила, аз ҷумла зану шавҳару хушдоман гузориш шуда буд.  Ҷомиашиносон инро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа, рӯҳониён ба дур шудани мардум аз каломи илоҳӣ ва арзишҳои динӣ  рабт медиҳанд. Хушунату зӯроварӣ  дар оила як сабаби дигари чунин ҷиноятҳо ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button