ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МӮСАФЕДИ 71-СОЛА БАРОИ АВБОШӢ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди Сокини 71-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 декабр, соати 14:30 дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ марди 29-солаи сокини Душанберо лату кӯб намуда, ба қафаси синааш як  корд задааст.
ххххххххххххх

Ду сокини 57 ва 58-солаи Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки соати яки шаби 23 ба 24 декабри соли 2021 тавассути қайчии оҳанбурӣ панҷараҳои қафои нуқтаи савдои як сокини 42-солаи пойтахтро бурида, аз мағоза ба маблағи 8800 сомонӣ маҳсулоти хӯрока дуздидаанд.

хххххххххххх

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони Сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш барои авбошӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки шаби 27 ба 28 декабр аз кӯчаи Низомии Ганҷавии пойтахт 73 чароғаки барқӣ (световой ролик) -солаи ро дуздида, ба соҳибаш 20 800 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Авбошӣ аз ҷониби марди 71-сола

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 71 солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 27-уми декабри 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд 1 маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 42-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми декабри соли 2021, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум тавассути қайчии оҳанбурӣ панҷараҳои қафои нуқтаи савдоро бурида, вориди нуқтаи мазкур шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 57 ва 58-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-и мазкур марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми декабри соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кӯчаи Н.Ганҷавии пойтахт 73-адад чароғакҳои барқӣ “световой ролик”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҷиноятҳои мазкур тафтишот идома дорад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button