ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН АЗ ҲИСОР БАРОИ АЗ ЗИНДОН ОЗОД КАРДАНИ ПИСАРАШ 22 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДОДААСТ

Марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли2015 аз як зани сокини Ҳисор бо ваъдаи аз зиндон озод кардани писараш  22 ҳазор доллар гирифтааст, вале корашро буд накарда, ин пулро ба марнфиати худаш сарф кардааст.

ххххххххххххх

Шаби 21 декабр , соати 18:30 кормадони БДА дар ҳудуди шаҳри Бохтар, аз бордони мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 23-солаи Восеъ Файзалиев Яҳё, 48 ҳазор дона маводи тарфгарии намуди “Трения” пайдо ва мусодира кардаанд. Воридот ва фурӯши “хлопушка” дар Тоҷикистон аз соли 2008 қонунан манъ карда шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 63-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2015, марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки писарашро аз маҳбас озод мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

21 декабри соли 2021, тахминан соатҳои 20:30- дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Бохтар, кормандони БДА РВКД дар вилояти Хатлон, зимни азназаргузаронии бағоҷи автомобили тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 19-98 FY 01, ки таҳти идораи шаҳрванд Файзалиев Яҳё, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Восеъ қарор дошт, маводи тарфгарӣ, дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзалиев Яҳё, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба хариду фурӯши маводи тарфгарии намуди “Трения” машғул шудааст, ки 48 000-ададро ташкил медиҳанд.
Нисбати Файзалиев Яҳё дар шуъбачаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button