ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЭШОНИ АЪЗАМРО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ДЕПОРТАТСИЯ КАРДАНД

Як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки  мақомоти амниятии Русия шаҳрвандии Эшони Аъзам, як шахсияти маъруф дар ҷамъияти тоҷикони Новосибирскро бекор карда, ӯро рӯзи 18 декабр аз Русия депортатсия кардаанд  ва Эшони Аъзамро баробари ба Тоҷикистон расиданаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “пешвоз” гирифтаанд.

“Эшони Аъзамро рӯзи 18 декабр, соати 13:30аз фурудгоҳи Новосибирск бо парвози Новосибирск – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) депортатсия карданд. Эшони Аъзамро афсарони ФСБ, ки ниқоб дар сар доштанд, ба ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон бор карданд. То даруни ҳавопаймо ӯро завлона дар дастонаш бурданд. Ҳамроҳи Эшони Аъзам як занаш ҳамроҳи фарзандонаш низ ба Тоҷикистон баргаштанд”,  – хабар дод манбаи “Бомдод” аз Новосибирск.

Нафароне, ки рӯзи 18 декабр бо парвози Новосибирск – Бохтар ба Ватан баргаштанд, хабар доданд, ки Эшони Аъзамро дар фурудгоҳи Бохтар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “пешвоз” гирифтанд ва бо худ бурданд.

Маълум нест, ки ӯро ба ҳабс гирифтаанд ваё танҳо барои бозпурсӣ бурдаанд?

Ин марди тоҷики ҳам рӯҳонӣ ва ҳам корчалон, ки зодаи Ҳисор аст,  дар Новосибирск асосан ба фиристодани одамонба сафари Ҳаҷ машғул буд, вале ду соли охир ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирон ба Маккаю Мадина амалан қатъ шуда буд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, тақрибан як моҳ пеш Эшони Аъзам кормандони ФСБ Эшони Аъзамро дастгир карданд. Маълум нест, ки ӯ ба кадом қонуншикание дар худи Русия айбдор мешуд ваё бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуд. Вале дар ҳар сурат парвандааш то ба додгоҳ накашид, балки шаҳрвандиашро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Новосибирск мегӯянд, дар ин авохир мавридҳои бекор кардани шаҳрвандии зодагони Тоҷикистон ва ба кишвари зодгоҳашон фиристодани онҳо хеле афзудааст.

“Танҳо аз медонистагиҳои ман дар Новосибирск 3 нафарро ба Тоҷикистон равон карданд. Дар умум сухан дар бораи даҳҳо нафар меравад, ки шиносномаҳои русиашонро кашида гирифтанд ва худашонро ба Тоҷикистон истирдод карданд”, – гуфт як ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Дар соли ҷорӣ як идда аз шахсиятҳои муътабари ҷамъияти тоҷикони Русия, аз ҷумла ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон ва соҳибкори миллионери тоҷик Раҳими Ғармиро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, худашонро ихроҷ карданд. Иззат Амон, тавре медонем, дар Тоҷикистон бо ҷурми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button