ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДУШАНБЕ ХАБАРИ ИНТИҚОЛИ 243 ГУРЕЗАИ ТОҶИК БА МАРЗИ БЕЛАРУСРО РАД МЕКУНАД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари  аз Русия ба марзи Беларус бо Аврупо интиқол додани 243 гурезаи тоҷикро рад мекунад.

Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба журналистон гуфтаанд, ки  “сафорати Тоҷикистон дар Минск бо мақомоти марбутаи Беларус дар ин масъала тамос гирифт ва ба онҳо хабар додаанд, ки ин хабар асос надорад ва номае бо чунин мазмун ирсол нашудааст.”

Бино ба ин манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Минск бо идораи роҳи оҳани Беларус низ тамос гирифтааст ва дар онҷо них гуфтаанд, ки “чунин мактуб ба унвони кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно нафиристодаанд.”

Ёдовар мешавем, Телеграм-канали Nexta, як пойгоҳи иттилооти наздик ба мухолифини Беларус нусхаи номаи расмии сардори идораи роҳи оҳани Беларус (“Беларуская Чыгунка”) В.М.Морозов ба раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно  Гой М.Б.-ро нашр кард.  Дар нома гуфта мешуд, ки  гӯё шаби 18 декабр, соати 23:21 ба истгоҳи Гродно аз Русия як қатори роҳи оҳан бо 243 шаҳрванди Тоҷикистон (ҳама – мардон) меоянд. Аз шаҳрдории Гродно хоста мешуд, ки “бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони инсонӣ” баъди омадани қатори роҳи оҳан дар худи вокзал ин шаҳрвандони Тоҷикистонро бо хӯроку либоси махсус таъмин кунанд, чунки, навишта буд сардори идораи роҳи оҳани Беларус, гӯё  “бино ба маълумоте, ки ҷониби Русия ироа мекунад, ин афрод дар як ҳолати мураккаби иҷтимоию маишӣ қарор доранд.”

Морозов ҳамчунин навишат буд, ки гӯё идораи роҳи оҳан омадани ин қатор бо 243 шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси номаи сардори департаменти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ аз 6 декабр барномарезӣ кардааст.

Мақомоти расмии Беларус ва Русия ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Шаҳри Гродно дар 15-километрии марзи Беларус бо Полша ва 30-километрии марз бо Литва ҷойгир шудааст. Мақомоти ин ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мақомоти Беларус ва ҳамчунин Русияро ба ҳадафмандона ба марзҳояшон интиқол додани ҳазорон паноҳҷӯ ва махсус эҷод кардани буҳрони муҳоҷирон дар Аврупо айбдор мекунанд. Варшава ва Вилнюс  аз ҷумла Беларусро ба он айбдор мекунанд, ки парвозҳои махсусро аз шаҳрҳои Ироқ ташкил карда, бо ҳавопаймо аз Ховари Миёна паноҳҷӯёнро оварда, ба марзи Иттиҳоди Аврупо мефиристад.

Вале ин бори аввал аст, ки дар бораи интиқоли муташаккилонаи якбора 243 паноҳҷӯи тоҷикистонӣ аз Русия ба марзҳои Беларус хабар нашр мешавад.

Дар тирамоҳи соли ҷорӣ мақомоти Полша дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми кумак ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирону паноҳҷӯён ба қаламрави ин кишвар хабар доданд ва ҳушдор доданд, ки хориҷиёне, ки барои кумак ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ба даст меафтанд, аз Полша ихроҷ карда хоҳанд шуд. Дасти кам ду нафар аз тоҷикҳои дар Полша дастгиршударо алакай ихроҷ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button