ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ШАРҲИ РАСМӢ: ДАР МУЛОҚОТИ ЯТИМОВ ВА РАҲИМЗОДА ДАР ХОРУҒ ЧӢ ГАП ШУД?

 Маркази матбуоти прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 15 декабр бо нашри як изҳороти алоҳида мавқеи расмии мақомот дар мавриди мулоқоти рӯзи 13 декабри вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов ва прокурори ВМКБ Орифзода П. бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғро баён кард.

Бино ба изҳороти прокуратураи вилоят, дар мулоқоти 13 декабр “бори дигар таъкид гардид, нисбат ба ашхоси муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта, ки новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои ба тарзи маҷбурӣ таъмин кардан барои тафтишот татбиқ карда хоҳанд шуд.”
“Иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешавад”,
– гуфта мешавад  ҳамчунин дар  ин изҳорот.

Ёдовар мешавем, қаблан мақомот ваъда дода буданд, ки парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва дигар қурбониёни нооромиҳои ахир дар Бадахшон зери назари намояндагони эътирозгарон таҳқиқ хоҳад шуд ва натиҷаи тафтишот ба самъи ҷомиа расонда хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар рафти вохӯрӣ ҳисоботи муфассали прокурори вилоят дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда дар ҷараёни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ, ташхисоти анҷомёфтаи судӣ, ҳамкориҳо байни аъзои гурӯҳи тафтишотӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида шуда, сипас Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов  ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори сипос намуда, андешаю пешниҳодҳои худро дар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳор доштаанд.

Бино ба баёнияи прокуратураи вилоят, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, “оид ба рафти корҳои тафтишотӣ қаноатмандии худро баён намуданд ва ҳамзамон, ба баъзе саволҳои додаи худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтанд.”

Ин дар ҳолест, ки Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарие, ки рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 14 декабр бо такя ба манобеаш дар Хоруғ хабар дод, ки музокироти намояндагони тазоҳургарон бо мақомоти қудратӣ амалан дучори бунбаст шудааст.

Бино ба иттилои манбаи нашрия, рӯзи 13 декабр мулоқоти намояндагони комиссияи муштараки таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Саймумин Ятимов доир шудааст, вале дар ин мулоқот тарафҳо ба тавофуқ расида натавонистаанд ва дар натиҷа, бино ба маълумоти манобеи Pamir Daily News, “рӯзи 14 декабр  намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки  дар комиссияи муштараки таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков кор мекарданд, расман аз ҳамкорӣ бо ВКБ ва КДАМ Тоҷикистон даст кашиданд. Онҳо гуфтаанд, ки аз ин ба баъд фақат бо прокуратура кор мекунанд.”

“Гуруҳи 44” ё “Комиссияи 44” дар поёни моҳи ноябр аз ҷониби эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ташкил шуда буд.

Эътирозҳое, ки дар Хоруғ 25 ноябр сар шуда, се кушта ва 16 захмӣ аз тарафи сокинони Бадахшон ва 12 захмӣ аз байни кормандони мақомоти қудратӣ боқӣ гузошт, рӯзи 28 ноябр дар пайи чанд талаби эътирозгаронро қабул кардани мақомот ба анҷом расид. Мақомот аз ҷумла розӣ шуданд, ки қазияи марги Зиёбековро ҳамроҳ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ таҳқиқ карда, ягон нафарро барои иштирок дар эътирозҳо ба ҷавобгарӣ накашанд ва алоқаи мобил ва Интернетро дар Хоруғ ва атрофи он барқарор кунанд.

Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта то ҳол ҳеҷ кадом аз ин ваъдаҳо иҷро нашудааст: Алоқаи мобил танҳо қисман барқарор карда шуда, Интернет танҳо дар бонкҳо ва идораҳои давлатӣ дода мешавад ва бар хилофи ваъдаи касеро ба ҷавобгарӣ накашидан мақомоти қудратӣ алакай чанд дафъа ба “саркардагони гуруҳҳои ҷиноӣ” паём мефиристанд, ки бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шуда, аз ҷумла дар бораи нақшашон дар эътирозҳои ахир баёнот диҳанд, вагарна нисбат ба онҳо низ “чораҳои қотеона” андешида хоҳад шуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 13 декабр дар Хоруғ дар ҷаласаи ҷамъбасти 11 моҳи фаъолияти мақомоти милитсияи вилоят гуфт, “бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд… аммо роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button