ВидеоҶомеа

МОДАРОЗОРӢ ВА ЗАНОЗОРӢ ТО БА КАЙ? ҲАБСИ БОЗ 4 СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ ОЗОРУ ЗӮРОВАРӢ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳафтаи гузашта 4 сокини пойтахт бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба наздикони худ, аз ҷумла 2 нафар барои модарозорӣ ва якеи дигар барои зӯроварӣ нисбат ба ҳамсару чорумӣ барои муносибати бад бо аъзои оила ба ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида,  пушти панҷара андохта шуданд.

Аз ҷумла ба мақомоти милитсия модари солхӯрдае муроҷиат карда, аз ӯро озор додани писари 48-солааш шикоят кардааст.

“Дар доираи санҷиши муроҷиат муайян карда шуд, ки фарзанди пиразани солхӯрда шаҳрванд Латифов Абдуҷаббор Раҷабович, санаи таваллудаш 29.09.1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ғафуров дар ҳақиқат санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар манзили истиқоматиаш бо модараш ҷанҷол намуда, мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаааст. Номбурда ба гуноҳи содирнамудааш иқрор гардида, дар доираи чорабиниҳои профилактикӣ изҳор дошт, ки минбаъд ба ин гуна аъмоли зиддиқонунии шармовар даст нахоҳад зад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти милитсияи Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Латифов Абдуҷаббор тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва бо қарори додгоҳ нисбат ба ӯ  ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шудааст.

   Ҳамин гуна, бар асоси шикояти як модари дигари 76-сола фарзандаш Самадов Довар Валиҷонович, санаи таваллудаш 11.02.1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов дастгир ва ба идораи милитсия карда шуд.

“Зимни таҳқиқи қазия муайян гардид, ки дастгиршуда Самадов Довар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳи ғайриинсонӣ гуфта, бо вайрон намудани тартиботи ҳуқуқӣ оромии ҳамсоягонро халалдор намудааст. Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Самадов Довар низ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо карори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд”, – хабар медиҳад РВКД пойтахт.

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе 2 ҳолати хушунати оилавӣ низ ошкор карда шуд.

 “Аз ҷумла, шаҳрванд Шабонов Рамазон, санаи таваллудаш 17.05.1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Хоразмӣ дар ҳолати мастӣ аз кӯча ба хона омада, нисбат ба дигар аъзои оила дашномҳои қабеҳ зада, ҳамчунин бо овози баланд оромии дигар шаҳрвандону ҳамсоягонро халалдор намуда, даст ба хушунату зӯроварӣ нисбат ба аъзои оилаи худ задааст. Дар натиҷа, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Шабонов Рамазон дастгир ва нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд”, – омадааст дар иттилоияи дигари РВКД Душанбе.

Ҳамчунин, ба ин монанд дар доираи муроҷиати як зани сокини пойтахт шавҳари ӯ шаҳрванд Станкевич Павел, санаи таваллудаш 24.09.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, маҳаллаи Испечак ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Зимни санҷиши муроҷиат муайян карда шуд, ки номбурда нисбати ҳамсари 31-солааш пайваста хушунату зуровариро раво медидааст, ки дар натиҷа ба тарбияи 3 нафар фарзандони ноболиғи оила таъсири манфӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Станкевич Павел тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.

Шабонов ва Станкевич

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button