ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ИЗЗАТ АМОНРО БА ЗИНДОНИ “ЯКУМ СОВЕТСКИЙ” БУРДАНД

 Ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амонро, ки дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст, аз боздоштгоҳ ба зиндони воқеъ дар маҳаллаи  маъруф ба “Якум Советский” –и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.  Дар ин бора рӯзи 9 декабр ба Радиои Озодӣ Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон хабар додааст.

Дар сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия ҳам ба Озодӣ тасдиқ кардаанд, ки Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар минтақаи карантини маҳбаси “Якум Советский”  нигоҳ дошта мешавад ва дар ин муддат ӯро бо шароити будубош дар маҳбас шинос мекунанд.

Ёдовар мешавем,додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 октябр Иззат Амонро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр шикояти ӯву адвокаташро рад кард ва ин ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт.

Вале наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ҳукми вайро хеле сангин ва барои пардохтношуда боқӣ мондани ҳамагӣ 232 сомонӣ “зарар” аз ҳаққи афв маҳрум кардани Иззат Амонро ноодилона меноманд. Бисёриҳо ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд.

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар аввали моҳи март аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда,  рӯзи 25 март ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад.

19  октябр, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд,  додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Қувваи қонун гирифтани ҳукми Иззат Амон дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҳоло дар Русия, шикори онҳое, ки дар вақташ бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд, шурӯъ шудааст.

Маркази тоҷикони шаҳри Маскав, созмоне, ки Иззат Амон то истирдодаш ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, тақрибан як моҳ боз аз фаъолият бозмондааст.

Ахиран Муҳаммадхон Эгамов, як нафаре, ки соли 2020 бо мошинаш барои ба муҳоҷирони дар пандемия бекормонда расондани кумакҳои ғизоӣ ба Маркази тоҷикон ёрӣ мерасонд, боздошт шуда, дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар СИЗО №4 дар ноҳияи Медведковои шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешавад.

Адвокати шинохта Шуҳрат Қудратов ва Суҳроби Ҷаҳон, яке дигар аз ёрони Иззати Амон низ мегӯянд, дар бораи истирдодашон ба Тоҷикистон аз манобеи мувассақ маълумот гирифтаанд.

Чанд нафари дигар аз онҳое, ки бо Иззат Амон дар гузашта ҳамкорӣ доштаанд, низ дар суҳбат  бо “Бомдод” гуфтанд, ки ба мулоҳизаҳои бехатарӣ ҳоло худро пинҳон кардаанд ва роҳҳои аз Русия баромадан ва паноҳ бурдан ба кишварҳои амнтарро меҷӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button