ВидеоҲодиса

ҲАМДЕҲААШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ВАҲДАТ, ДУЗДИИ ПУЛУ “АЙФОН-11” ВА ҚАЛЛОБӢ БО “МЕРСЕДЕС”

Рӯзи 5 декабр, тахминан соати 11:30 дар канори шаҳри Ваҳдат як ҷавони 20-сола ба пойҳои як ҳамдеҳаи ҳамсолаш 4-5  зарбаи корд задааст.

хххххххххххх

Ҷавони 18-солаи сокини Ҳисор ва навраси 17-солаи сокини пойтахт  ба он гумонбар мешаванд, ки соати дуи шаби 5 ба 6 декабр аз манзили иҷоравии як ҷавони 19-сола дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомониро дуздидаанд.

ххххххххххх

Сокини 42-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии сокини 40-солаи пойтахт даромада, мошини “Мерседес”-и як каси дигарро ба ӯ 47 500 сомонӣ фурӯхтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ гардидани ҷавони 20-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки 5-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар назди истгоҳи деҳаашон ҷавони 20 солаи ҳамдеҳааш, бародараш ҷавони 20-соларо бо корд 4-5 маротиба ба қисмҳои болои пойҳояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ин самт тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 5-ум ба 6-уми декабри соли 2021, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо аризаи марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 27-уми октябри соли 2021, марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки ба шахси дигар тааллуқ доштааст ва дар ҳавлии ӯ меистодааст ба маблағи 47 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button