ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ФИЛМИ ТОҶИКИИ “САРБОР” ДАР ҚАЗОҚИСТОН БЕҲТАРИН ФИЛМИ КӮТОҲ ДОНИСТА ШУД (ВИДЕО)

Филми кӯтоҳи “Сарбор” аз студияи “Симурғ Синема” (коргардонаш Манзаралӣ Шералӣ) дар ҷашнвораи нӯҳуми байналмилалии филмҳои донишҷӯён ва  нахустфилмҳо “Бастау”, ки рӯзи 4 декабр дар АлмаАтои Қазоқистон ба анҷом расид, ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳро ба даст овард.  Ин алакай ҳафтумин ҷоизаи ин филми Манзаралӣ Шералӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалист, – хабар дод дар Фейсбук журналист Некрӯз  Ҷалилиён.

Ҳайъати ҳакамони “Bastau Debuts” таҳти раҳбарии Юрий Биков ҷоизаи филми беҳтарини ҷашнвораро ба филми коргардони фаластинӣ Амин Найфӣ барои филми “200 метр” дод. Ин филми сохтаи муштараки Фаластин, Ӯрдун, Қатар, Италия ва Шветсия қиссаи зиндагии як оила дар Ховари Миёна мондааст, ки бар асари  деворбандии марзҳо шавҳар Мустафо дар як тарафи девор ва ҳамсараш Салва дар тарафи дигари девор мондаанд. Байни хонаҳои онҳо ҳамагӣ 200 метр фосила аст, вале вақте ба Мустафо хабар мерасад, ки писараш дучори ҳодисаи нохуш шудааст, ин 200 метр барояш ба 200 километр табдил меёбанд ва ин падар чӣ қадар азобҳоеро паси сар мегузорад, то ин фосиларо пушти сар гузошта, ба кумаки фарзандаш бирасад.

Филми Амин Найфӣ дар АлмаАто ҷоиза барои коргардони беҳтаринро ҳам аз они худ кард. Дайнюс Гавенонис барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Кити сафед” (Русия) беҳтарин ҳунарпешаи мард ва Инин Ма  барои нақшаш дар филми хитоии “Кӣ дар бистари нуқрагун хобидааст” беҳтарин ҳунарпешаи зан дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, филми  кӯтоҳи “Сарбор” дар ҷашнвораи байналмилалии “Листопад”, ки аз 20 то 26 ноябр дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус  доир шуд, сазовори ҷоизаи “Коргардони беҳтарин” дар бахши “филмҳои ҷавонон” гардида буд.

Дар номае, ки масъулони ҷашнвораи “Листопад” навиштаанд, аз ҷумла чунин гуфта мешуд: “Мо аз фаҳмидани ин ки фарҳанги ҳазорсолаи кишвари шумо гум нашуда ва аз байн нарафтааст, шод шудем. Ин фарҳанг ворисони худро дорад. Филми шумо дар бораи як инсони хурду назарногир, вале бо қалби софу бузург, далели ин гуфтаҳост. Осиёби Худованд оҳиста орд мекунад. Вале он ҳамеша орд мекунад. Сипос аз Шумо!”

Моҳи октябр филми кӯтоҳи “Сарбор” дар Синамобазми байналмилалии Тошканд  “Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим” ҷоизаи “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард. Ин ҷоизаро ба коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ ҳунарпешаи шуҳратёри фаронсавӣ Жерар Депардйе супурд.

 Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Абдукарим Машраб, фарзанди ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ибодуллоҳи Машраб дар ин ҷашнвора барои иҷрои нақши асосӣ дар ин филм сазовори ҷоиза барои “Беҳтарин нақши мардона” шуд. . Қаблан Саодат Сафарова низ барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Сарбор” дар Қазоқистон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардида буд.

Филми “Сарбор”  дар бораи мардест, ки бо мошини кӯҳнаи “Волга” ба таксӣ машғул аст ва ӯро барои бурдани кӯч киро мекунанд. Мард ҳамроҳи кӯч занеро бо кӯдаки ширмакаш гирифта ба хонаи модари зан мебарад. Модари зан духтарашро қабул намекунад. Марди таксирон маҷбур мешавад зану кӯдакро боз ба хонаи шавҳараш биёрад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button