ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ДУ САДАМА ДАР ПАНҶАКЕНТ ВА МӮЪМИНОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 декабр дар ду садама дар Панҷакент ва Мӯъминобод ду кӯдак бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар Панҷакент як духтари нӯҳсола зери чарзи мошини “Жигули” монда, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Соати якуними шаби 1 декабр дар Мӯъминобод бар асари ба ҳам бархӯрдани ду “Опел Астра” як духтарчаи дусола  ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо кӯдак ҷон медиҳанд.

Бино ба иттилои ВКД, 1-уми декабри соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21063», Бафоев Ҳазратқул Шоимқулович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Абдуқаҳҳорова Шукрона Беҳрузовна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ, Абдуқаҳҳорова Ш.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
1-уми декабри соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Исохонов Дилшод Қарахонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ҳабибов Худойдод Яқубович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи зикргардида бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» хурдсол, Фирузшоҳзода Шаҳодат, соли таваллудаш 2019, ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари автомашина, Исломов Зиёратшо Лақаевич, соли таваллудаш 1961, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак, ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button