Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ДУЗДИ МОҲИР ДАР ДУШАНБЕ

 Як ҷавони 21-сола дар Душанбе ба он айблор мешавад, ки рӯзи 28 ноябор пинҳонӣ ворид хонаи сокини 25-солаи ноҳияи Сино шуда, ба маблағи 63 ҳазору 800 сомонӣ чизу чора ва ҷавоҳироти тиллиро дуздидааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 27-солаи ноҳияи Ховалинг ба он гумонбар мешавад, ки аз соли 2019 то 2020 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 31-солаи пойтахт даромада, аз ӯ барои тиҷорат 367 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардониааст. Моҳи январи соли 2020 бошад, сокини 37-солаи Ҳисор бо роҳи фиреб 42 500 доллари сокини 31-солаи Ҳисорро гирифта, дар иваз ба вай додани хонааш дар Душанберо ваъда додааст, вале то ҳол на хона додаасту на пулашро бармегардонад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 25-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 28-уми ноябри соли 2020 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ, ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва молу ашёҳои хонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 63 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб азони худ намудани воситаи нақлиёт ва маблағҳои пулӣ

Нисбати марди 27-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда аз соли 2019 то соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 367 ҳазор сомонӣ барои тиҷорат гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Бо ҳамин мазмун моҳи январи соли 2020 марди 37-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 42 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар шаҳри Душанбе хонаи истиқоматии худашро ба ӯ медиҳад, аммо маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон марди 27-солаи сокини ноҳияи Кушониён бо роҳи фиреб ба боварии зани 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-570»-ро, ба маблағи 56 ҳазору 100 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button