ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

УФТИ БАШИДДАТИ ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: 1000 РУБЛ 149 СОМОНӢ ШУД!

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли русиро дар ҳаҷми 149,6 сомонӣ барои 1000 рубл муқаррар кардааст. Ба ин тартиб, дар моҳҳои охир қурби рубли русӣ бори аввал аз ҳадди 150 сомонӣ барои 1000 рубл пойинтар рафт. Ҳафтаи гузаштаро рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон бо қурби 150,7 сомонӣ барои 1000 рубл ба поён расонда буд.

Уфти паиҳами қурби рубл дар бозори асъори Тоҷикистон аз 11 ноябр, баъди ба қуллаи рекордии 159,1 сомонӣ барои 1000 рубл расидани қурбаш сар шуд. Ва дар 18 рӯзи охир қурби пули Русия нисбат ба пули тоҷикӣ 10 сомонӣ барои 1000 рубл, ё ҳудуди 6,5% коҳиш ёфтааст.

Дар ин муддат қурби рубл нисбат ба доллар ва дигар асъори муҳими хориҷӣ дар бозорҳои байналмилалӣ низ ҳудуди 6% коҳиш ёфт: Агар дар аввали ноябр як доллар наздики 71 рубл арзиш дошт, ҳоло қурбаш ба 75 рубл наздик шудааст.

Ба фарқ аз рубл, қурби доллару евро нисбат ба сомонӣ тақрибан бетағйир боқӣ мондаанд: Як доллар ҳоло расман 11 сомонию 29 дирам ва як евро 12 сомонию 75 дирам аст.

Башиддат арзон шудани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, мавсими имсолаи муҳоҷирати кориашонро ҷамъбаст карда, ба Ватан баргашта истодаанд. Тақрибан ҳамаи онҳо пули коркардаи худро аз Русия бо рубл ба Тоҷикистон меоранд ва 6,5% коҳиш ёфтани қурби рубл ба маънои ба ҳамин андоза кам шудани ҳаҷми даромадҳои ин муҳоҷирон низ ҳаст.

Барои Тоҷикистон пулҳое, ки муҳоҷиронаш аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад. Бино ба омори Бонки марказии Русия, дар нимаи аввали соли  2021 ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик, аз Русия ба Тоҷикистон 755 миллион доллар пул фиристода шудааст. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар ва соли 2019, дар охирин соли пеш аз пандемия 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button