ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БОЗ 4 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 19 ноябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ боз 4 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон як нафар аз бемории мазкур шифо ёфтааст. Дар як ҳафтаи охир ин бори аввал аст, ки вазорати тандурустӣ аз ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад. Бори охир ин вазорат рӯзи 12 ноябр сабти як ҳолати нави  сироят ба коронавирусро тасдиқ карда буд.

Аз 13 сентябр ба ин тараф вазорати танудустии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамагӣ 9 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19-ро тасдиқ кардааст.

 Бино ба омори расмии вазорат, дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия то шоми 19 ноябр дар кишвар 17 ҳазору 95 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 ҳазору 966 шифо ёфтаанд, вале 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Тибқи ин омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон: чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 5 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.

Вале мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз арқоми расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Нозирони умур дар ташвишанд, ки мавсими бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия, ки дар ҳоли авҷ гирифтан аст, метавонад як манбаи ба Тоҷикистон расидани мавҷи нави коронавирус шавад. Русия ҳоло ба як манбаи умдаи паҳншавии ин вирус табдил ёфтааст. Рӯзи 19 ноябр дар Русия боз беш аз 37 ҳазор мавриди  гирифторӣ ба коронавирус ва 1254 ҳолати марг аз ин вирус сабт шуд. Чунин ҳолат: сабти то 40 ҳазори мавриди нави сироят ва беш аз 1200 мавриди марг аз коронавирус дар Русия тақрибан як моҳ боз ҳар рӯз мушоҳида мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button