ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПОСБОНИ 81-СОЛА ВА ПУЛҲОИ БАРОДАРИ ШӮЯШРО ДУЗДИДАНИ ЯК ҶАВОНЗАН

Посбони 81-солаи терминали мусофиркашонии шаҳри Турсунзода шаби 17 ноябр, соати 21:50 зери чархи мошини ДАФ ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххххххх

Сокини 40-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 17 ноябр, соати 13 аз ҷайби шими сокини 57-солаи ин ҷамоат, ки дар шаҳраки Сомониён дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба таври ошкоро 650 сомониашро кашида гирифтааст.

хххххххххххххххххх

Ду сокини ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён  бо гумони дуздии ду сарчорвои хурди марбут ба сокини 26-солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш дастгир шуда, ҷавонзани 22-сола аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба он гумонбар мешавад, ки аз ҳуҷраи бародари шавҳараш 14 ҳзаор сомонӣ ва 75 ҳазор рубли русиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани посбони терминали мусофиркашонӣ

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДАФ ХФ-105”, Пиромқулов Комил Ҷалилович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Турсунзода ба дохили терминали мусофиркашонии ҶДММ Ваҳдат-2012-и шаҳри мазкур ворид шуда, бинобар торик будани ҳаво яке аз посбонони терминали мазкур, Нарзиев Неъматулло, соли таваллудаш 1940, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.

Дар натиҷа, посбони терминали мазкур Нарзиев Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Сомониён қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ҷайби шимаш 650-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 16-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур 2-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 30 ва 39-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Навбаҳори ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонзани 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара оғоз карда шудааст, ки ӯ дар давоми аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи истиқоматии бародари шавҳараш, марди 35-солаи сокини ҳамон ҷо даромада, аз он ҷо 14 ҳазор сомонӣ ва 75 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button