ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ЗАНОЗАНӢ ДАР ХОРУҒ. МАНОБЕЪ: “НОФАҲМӢ” БАЙНИ ПУЛИС ВА МАҲМАДБОҚИРОВ БУД. МАҚОМОТ: ХАБАР НАДОРЕМ

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба сардори раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон ҳамла шудааст. Манобеъ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ рӯй дода, пойи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии вилоят, дар миён аст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми ноябр дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров то ин замон бенатиҷа буд.

Як манбаъ дар Ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, “нофаҳмӣ миёни кормандони пулис ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи якшанбе рух дод.”

Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш гуфта шавад, “дар рӯзи ҳодиса барои таъмир кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ баста буд, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз маҳаллаи УПД гузаштааст.”

“Нозирони БДА аз вилояти Хатлон оварда шуда буданд. Онҳо Маҳмадбоқирро намешиносанд. Хулоса, кормандони БДА, Маҳмадбоқирро дастгир мекунанд ва ӯ ба як гуруҳ занг мезанад. Ин гуруҳ бо кормандони БДА занозанӣ мекунанд ва як нафараш бо табар ба қафаси синаи як корманди милиса задааст”, — нақл кард ӯ.

Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Аммо баъзе аз шоҳидони ҳодиса рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки занозанӣ дар пеши постгоҳ дар Хоруғ шудааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии вилояти Бадахшон, рӯзи 16-уми ноябр ба зангҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надод.

Манбаъ дар Ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар Бадахшон гуфт, корманди пулис либоси ғафси зимистона доштааст ва барои ҳамин табар ба ӯ осеби ҷиддӣ нарасондааст. Ӯ гуфт, тасдиқ карда наметавонад, ки шахсӣ захмишуда сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ буд ё не. “То ҳол дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт нашудааст. Маводи аввалия тартиб дода шуда, пурсуҷӯ рафта истодааст,” — афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Сайидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар ВМКБ, хабари бо табар зада шуданашро тасдиқ накард. Вай гуфт, “чунин ҳодиса нашудааст” ва бо сабаби, ба гуфтаи худаш, дар ҷаласаи муҳим буданаш, телефонашро хомӯш кард.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки номи вилояти мухтори Бадахшон дар як ҳафтаи охир бо сабаби ба таври ногаҳонӣ ва зудҳангом барканор шудани раиси пешини он, Ёдгор Файзов, дар сархатти расонаҳо қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button