ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПРОКУРОРИ ДАРВОЗ ДАР ЯК ҲОДИСАИ НОХУШ

Прокурори ноҳияи Дарвоз Бахтиёр Ҳақназарзода бар асари сӯхтор дар манзилаш ҷон бохтааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шаби гузаштаи 14 ба 15 ноябр дар шаҳраки Қалъаихумб, маркази ноҳияи Дарвоз, рух додааст.

Тафсилоти дигаре то ҳол дастрас нашудааст ва мақомот низ дар ин бора ҳаз шарҳе надодаанд.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода аз соли боз прокурори ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Ӯ соли 1999 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои зиёде дар мақомоти додситонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритӯс, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Панҷ кор кардааст. Бахтиёр Ҳақназарзода  мушовири адлия (дараҷаи 2) буд.

Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар

Аз cоли 1994 то 1999 – Донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон

Аз соли  1999 –  Прокурори калони шӯъбаи кадрҳои прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли  2000 – Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Шаҳритус

Аз соли  2002 – Ёрдамчии прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ

Аз соли  2005 – Ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Ёвон

Аз соли  2009 – Прокурори калони шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли  2012 – Муовини сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли  2015 – Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба ташкили кор ва қабули шаҳрвандон

Аз соли  2016.02 – Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба ташкили кор ва назорати иҷро

Аз соли 2016.08 –  Сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории прокуратураи вилояти Хатлон

Аз соли 2016.12 –  Иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳияи Панҷ

Аз 05 январи соли 2017 –  Прокурори ноҳияи Дарвози ВМКБ

Мушовири адлияи дараҷаи 2

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button