ВарзишВидеоНомаҳо ба президент

ВО-АҶАБ! УЗВИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ЯК РӮЗ ПЕШ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БА ХИДМАТ БУРДААНД

Моҷарои Бобохон Мирзозода, узви тими миллии гуштини самбои Тоҷикистон, ки мебоист кишварро дар чемпионати ҷаҳон дар Тошканд, ки ин шабу рӯз давом дорад, моҷароест, ки бояд сари чандин нафарро бихӯрад. Ба ақидаи мухлисони гуштин, оне ки ин варзишгарро як рӯз қабл аз сафараш ба чемпионати ҷаҳон “облава” карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристод, бояд барои ин амали, ба ақидаи онҳо “ҳамвазни хиёнат ба манфиатҳои кишвар” ба ҷавобгарӣ кашонда шавад.

Бобохон Мирзозода, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё дар ҳамон Тошканд дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои размӣ унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда буд, яке аз умедҳои тими миллии Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Тошканд аз 12 то 14 ноябр доир мешуд ва тими Тоҷикистон, бино ба иттилои хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон”, рӯзи 11 ноябр бо автобус аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба  Тошканд сафар кард. Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон бояд 14 паҳлавон намояндагӣ мекард, вале тими миллӣ ба Тошканд танҳо 13 нафарро бурда тавонист: Бобохон Мирзозодаро, тавре пайвандонаш ба “Спутник” хабар додаанд, як рӯз қабл аз сафари Тошканд кормандони комиссариати ҳарбии Суғд Бобохон аз хонаи истиқоматиаш аз Хуҷанд гирифта, ба хидмат бурдаанд.

“Ҳарчанд фаҳмонида шуд, ки ин варзишгар бояд пагоҳ кишварро дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тошканд намояндагӣ кунад, кормандони комиссариати ҳарбӣ гуш накарда, Мирзозодаро ба бинои комиссариат бурданд”, – гуфт яке аз пайвандони варзишгар.

Хабари ба хизмат бурдани Мирзозодаро яке аз роҳбарони тими миллии Тоҷикистон низ тасдиқ карда, гуфтааст, Федератсияи самбо ном ва насаби Бобохон Мирзозодаро дар қатори 13 варзишгари дигар барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Тошканд тасдиқ карда буд, вале баъди ба хизмат бурдани ин варзишгар дар сафи онҳо як иштирокчии мусобиқа кам шуд.

Бобохон Мирзозода 23 сол дошта, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Бобохон Мирзозода соли гузашта Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ зери роҳбарии Фаридун Устопиров, бародари варзишгари номӣ Комроншоҳ Устопириён машқ мекард ва дар вазни худ қаҳрамони гуштини самбои размии Осиёст.  Ба гуфтаи онҳое, ки Бобохонро мешиносанд, ӯ хеле мехост аз Тошканд низ бо медали чемпионати ҷаҳон баргардад, вале кадом боақле аз комиссариати ҳарбӣ фикр кардааст, ки ин ҷаҳонпаҳлавон дар ягон қисми ҳарбӣ ба Ватан бештар хидмат мекунад, то дар чемпионати ҷаҳон.

Дар чемпионати самбои ҷаҳон дар Тошканд паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов  дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон ва соҳиби медали тилло шуда, Хушқадам Хусравов дар вазни 64 кило соҳиби медали нуқра ва ҷои дуюм шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button