ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: АЗИЗА ДАВЛАТОВА БАРОИ СӮИҚАСД БА КУШТОР ВА ШАВҲАРАШ БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ДАСТГИР ШУДААНД

Маркази матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр хабар дод, ки ин ниҳод муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро оиди бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина Амоновна, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ба президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва прокурори генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар иттилоияи расмӣ дар сомонаи прокуратураи генералӣ омадааст:  “Маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуда, аз натиҷаи он нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш  Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд. Феълан тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.”

Ба Давлатов Лутфулло бар асоси қисми дуюми моддаи 117 барои азобу уқубат  аз 3 то 7 соли зиндон ва ба ҳамсари ӯ Азиза Давлатова барои қасди куштор аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид  мекунад.

Дар иттилоияи расмӣ дар сомонаи прокуратураи генералӣ омадааст:  “Маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуда, аз натиҷаи он нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш  Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд. Феълан тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.”

Ба Давлатов Лутфулло бар асоси қисми дуюми моддаи 117 барои азобу уқубат  аз 3 то 7 соли зиндон ва ба ҳамсари ӯ Азиза Давлатова барои қасди куштор аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид  мекунад.

Рӯзи 1 ноябр Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ  ва шаҳдори Душанбе  низ дар як ҷаласа бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда доир ба  парвандаи Мамадҷонова Мадинаро баррасӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе, “прокурори шаҳр гузориш дод, ки дар асоси дастури Рустами Эмомалӣ корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Давлятова Азиза ва Давлятов Лутфулло бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд.”

Рустами Эмомалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоянд. “Дар охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гардид, ки барои ҳаматарафаю пурра ва объективонаи тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ чораандешӣ намоянд”, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе.

Ишораи Рустами Эмомалӣ ба “кирдорҳои коррупсионӣ” зоҳиран ҳамин қазияи Мадинаро дар назар дорад, чунки қаблан хабар омада буд, ки моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбари асосӣ Азиза Давлатоваро бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод карда, шурӯи парвандаи ҷиноятиро дар робита ба ин қазия рад карда буданд.

Ду рӯз пеш Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ дар Фейсбук хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ ҷараёни тафтиши парвандаи Мадина Мамадҷоноваро зери назорати худ гирифтааст.

Сомонаи “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Мадина рӯзи 25 август рабуда шуд ва баъди тақрибан 14 соат ҷасади нимкуштаи ӯро дар ҳолати кома ба бемористон оварданд. Гумон меравад, ки ӯро Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як корманди ширкати “Мегафон”, марде, ки Мадина Д. ҳам бо ӯ робита дошт, аз сари рашк ба ин ҳол овардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Азиза нисбат ба шавҳараш шубҳа пайдо карда, телефони ӯро таҳти таъқиб қарор медиҳад ва рӯзи 25 август муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи Мадина аст. Парвиз аз омадани ҳамсараш хабар шуда, думро хода мекунад ва маъшуқаашро танҳо мегузорад.

Азиза бо кадом василае Мадинаро ба мошин савор карда, ба берун аз шаҳр мебарад ва аз соати дуи рӯзи 25 август то соати якуними шаби 26 август ба эҳтимоли ғолиб чандкаса Мадинаро азобу уқубат ва шиканҷа медиҳанд. Ӯро сипас дар ҳолати мадҳушӣ (кома) ба бемористони “Шифобахш” (Қараболо) овардаанд.

Мадинаро дар ҷараёни соатҳои асораташ чанд дафъа муддати тӯлонӣ буғӣ кардаанд ва дар натиҷа майнаи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст ва як қисмати мағзи сари ин ҷавонзан дигар дуруст кор намекунад. Ӯ то ҳол касеро намешиносад, гуфта наметавонад, ки он рӯзи наҳс бо вай чӣ гузашт, мунтазам дод мезанад ва табибон тарс доранд, ки ӯ дигар барои умрбод маъюб шудааст.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар як муроҷиатномаи муштарак аз шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ  Рустами Эмомалӣ,  додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хостанд, ки ин қазияи одамрабоӣ ва азобу уқубати гаравгонро зери назорати қатъии худ бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button