ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ПИЁДАГАРД, АЗ ҶУМЛА ЯК КӮДАК, ДАР ҒАФУРОВ ВА ШАҲРИНАВ

Шаби 30 октябр, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефира», Давлатов Мирзо Сангинович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати Ҷавонии ноҳияи Зафарабод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хуҷанд – Масчоҳ, дар ҳудуди ҷамоати Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Пӯлодзода Парвина, соли таваллудаш 2008, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Ғафуровро пахш кард.  Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Пулодзода П. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, ҳамин тавр, субҳи 31 октябр, тахминан соати 10:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Бадалов Убайдулло Юлдошевич, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғафуров Миралӣ Раҷабович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати Мирзо-Ризои шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғафуров М.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳафтаи гузашта дар бораи ду садамаи пурқурбонии дигар  дар  роҳҳои Тоҷикистон гузориш шуда буд. Аз ҷумла шоми 27 октябр дар ҳудуди деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт  бар асари бархӯрди ду мошини “Лексус” ва “Опел”, ки ҳарду ронандааш аз шаҳраки Шайдон будаанд, се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ширмак ба ҳалокат расида, як кӯдаки панҷсола ҷароҳат бардошт. Ҳамаи қурбониён ронанда ва мусофирони  “Опел” будаанд. Хабарнигори шинохта Тилав Расулзода хабар дод, ки дар ин садамаи мудҳиш духтар, набера ва домоди ҳамсабақи ӯ Зулфия Ҳасанова ҷон додаанд.
Ҳамчунин рӯзи 25 октябр низ бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” ва “Мерседес” дар роҳи Данғара – Левакант 4 нафар, аз ҷумла падару писар аз Кӯлоб ба ҳалокат расида,  4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Рӯзи 29 октябр бошад як мӯсафеди 75-сола аз ноҳияи Деваштич дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд зери чархи “Опел” ба ҳалокат расид.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button