ВидеоҲодиса

ШАРҲИ РАСМИИ ВКД: БОЗОРИ “БАРАКАТ” БАРОИ ЧӢ ОТАШ ГИРИФТ? (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон сӯхтори шоми 21 октябр дар масолеҳии сохтмонии “Баракат” дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро расман шарҳ дод. Бино ба гуфтаи ВКД, шоми 21 октябр, соати 20:00,  дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои «Баракат»-и ҶДММ «Агрофут» сӯхтор ба амал омад.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро оташ фаро гирифта буд.Сӯхтори мазкур бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

ВКД мегӯяд, аз ҷойи ҳодиса молу маҳсулоти соҳибкорон ба ҷойҳои безарар кӯчонида шуда, ба маблағи 100 миллион сомонӣ мол аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.

ВКД афзуд, ки феълан аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта, зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад.

Қаблан гузориш дода шуд, ки  дар бозори “Баракат”, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом ҷойгир шудааст, даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафтааст. Дар видеое, ки нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки чӣ гуна забонаи оташ даҳҳо дӯконро ба коми худ мекашад.

Бозори “Баракат” соли 2018 низ дучори сӯхтор шуда буд ва он вақт иллаташро чун ҳамеша “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор” гуфта буданд.

Бозори “Баракат” дар ноҳияи Б.Ғафуров соли 2010 дар масоҳати қариб 7 гектару 78 сотих замин сохта шуда,  бо беш аз 400 дӯконаш якеаз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмон дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон қариб ҳар сол чанд бозор дучори сӯхтор мешавад. Мақомот аксаран”расиши кӯтоҳи ноқилҳо”-ро иллати ин офатҳо ном мебаранд. Вале баъди сӯхтор и моҳи августи соли 2018 дар бозори марказии  Кӯлоб мақомот аз боздошти Баҳодур Раҳимов, соҳиби як анбори яклухтфурӯшии ин бозор хабар дода, гуфтанд, ки ӯ аз ҳама қарздор шуда, барои “наҷот” аз қарздиҳандагонаш бозорро барқасд оташ задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button