ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ДАР ПОЛИКЛИНИКАИ №4 ЧӢ ГУЗАШТ? МАҚОМОТ МЕГӮЯНД: АЙБИ ХУДИ ШАҲРВАНД БУД

Маъруфҷон Ҳоҷибоев,  муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 21 октябр ба матлабу видеои нашршуда дар Интернет дар бораи ҷанҷол дар поликлиникаи №4 шаҳри Хуҷанд вокуниш карда, навиштааст, асли воқеа тавре нест, ки Алиева Моҳ Шарифа тасвир кардааст.  Алиева Моҳ Шарифа навишта буд, ки зи 14 октябр кӯдаки якунимсолаашро барои муоина пеши духтур бурда буд, вале дар онҷо ҳадафи бадрафторӣ ва латтукӯб қарор гирифт.  Ӯ ҳамчунин иддао кард, ки кормандони поликлиника ӯро таҳдид кардаву тарсондаанд, ки ҳамшираи тиббие, ки бо ӯ ҷанҷол кард, духтари сардори маҳбаси Хуҷанд Одинаев асту шавҳараш дар амният кор мекунад.

Вале Маъруфҷон Ҳоҷибоев,  муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд менависад, ки “аз тарафи шаҳрванд ба коркунони тиб суханҳои қабеҳ ва ниҳоят паст, ки дар ҳақи зан гуфта намешавад баён карда мешавад. Дар ин ҳолат аз тарафи ёрдамчии духтур Одинаева Ф. таъкид карда мешавад, ки инҳо аз синну сол аз мо калон, муошират ва муносибати дуруст намоед. Шаҳрванд бошад баъди ин суханҳо яку якбора хеста фарзандашро ба замин гузошта аз мўи сари ҳамшира Одинаева Ф. қапида якчанд маротиба ба девор мезанад. Ҳангоми баланд шудани овоз аз дигар утоқи корӣ ҳамшираҳо огоҳ шуда барои ҷудо намудан дахолат мекунанд. Дар ин ҳолат ҳамшира ҷароҳат бардошта бехуд шуд, барои он, ки ӯ ҳомиладор будааст. Баъд аз ҷудо кардани ин муноқиша шаҳрванд дарк намуд, ки рафтораш тамоман нодуруст ва ҳамшира дар ҳолати беҳолӣ қарор дорад дарҳол телефонашро гирифта ва барои худро муҳофизат намудан ба наворгирӣ даромадааст.”

Аммо Алиева навишта буд, ки Фархунда Одинаева бо вай ту-ту  гуфта, ба сари вай дод задааст, ки “гуфтанд, рав, биёр, рав биёр!” Алиева менависад, ки дар рафти муноқиша мӯи сари ӯро кашида, дасташро газиданд ва аз утоқи корӣ берунаш карданд. Вале он ҳамшираи тиббӣ боз ҳам ором нашуда, дар роҳрав низ ба вай ҳамла карданӣ мешуд.

Ҳоҷибоев бошад менависад, “баъд аз ним соати ҳодиса бародари шаҳрванд расида омада ҳолатро дида аз номи хоҳараш бахшиш пурсид ва илтимос намуд, ки ба ягон мақомот муроҷиат накунед ва баён намуд, ки хоҳари ман якчанд сол боз дар шаҳрҳои Руссия кор ва зиндагӣ дорад, асабаш вайрон мебошад. Ваъда дод, ки пагоҳ хоҳараш ҳамроҳи модараш омада узру бахшиш мепурсад.”

Аммо Алиева рӯзи 15 октябр ба шаҳрдори Хуҷанд ва мақомоти прокуратура муроҷиат кард ва хостори ҷазо додани кормандони поликликинаи №4 шуд. Ӯ аз мақомоти тандурустӣ ҳам хостааст, ки ба кормандони ин шифохона як бор дарси одоб гузаронанд.

ВОКУНИШ

ба маводи интишоршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи «Медицина должна лечить, а не калечить!»

Санаи 14 октябри соли 2021 тақрибан соати 14:30 ба духтури тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №4-и шаҳри Хуҷанд утоқи кории №16 Файзиева Саноат ва ҳамшираи тибби оилавӣ Одинаева Фархунда шаҳрванд, ки ному насаби худро муаррифӣ накарда, барои қабули фарзандаш Карими Ризвон муроҷиат мекунад.

Аз тарафи духтури тибби оилавӣ Файзиева С. барои муайян намудани духтури вобаста шуда пурсида шуд. Аз ҷониби шаҳрванд баён карда шуд, ки ман доимо ба утоқи 15 муроҷиат менамудам. Дар асл шаҳрванд суроғаи ҷои зисти худро аввал маҳаллаи 34 ва баъд маҳаллаи 33 шубҳанок ҷавоб медиҳад. Баъд аз тарафи ҳамшираи тибби оилавӣ, ки ба маҳаллаи 32 вобаста аст картаи амбулатории шакли 024-и кўдак дарёфт шуда, пешкаш мегардад. То вақти дарёфт намудани картаи амбулатории шакли 024-и кўдак аз тарафи шаҳрванд ба коркунони тиб суханҳои қабеҳ ва ниҳоят паст, ки дар ҳақи зан гуфта намешавад баён карда мешавад. Дар ин ҳолат аз тарафи ёрдамчии духтур Одинаева Ф. таъкид карда мешавад, ки инҳо аз синну сол аз мо калон, муошират ва муносибати дуруст намоед. Шаҳрванд бошад баъди ин суханҳо яку якбора хеста фарзандашро ба замин гузошта аз мўи сари ҳамшира Одинаева Ф. қапида якчанд маротиба ба девор мезанад. Ҳангоми баланд шудани овоз аз дигар утоқи корӣ ҳамшираҳо огоҳ шуда барои ҷудо намудан дахолат мекунанд. Дар ин ҳолат ҳамшира ҷароҳат бардошта бехуд шуд, барои он, ки Ў ҳомиладор будааст. Баъд аз ҷудо кардани ин муноқиша шаҳрванд дарк намуд, ки рафтораш тамоман нодуруст ва ҳамшира дар ҳолати беҳолӣ қарор дорад дарҳол телефонашро гирифта ва барои худро муҳофизат намудан ба наворгирӣ даромадааст. Баъд аз ним соати ҳодиса бародари шаҳрванд расида омада ҳолатро дида аз номи хоҳараш бахшиш пурсид ва илтимос намуд, ки ба ягон мақомот муроҷиат накунед ва баён намуд, ки хоҳари ман якчанд сол боз дар шаҳрҳои Руссия кор ва зиндагӣ дорад, асабаш вайрон мебошад.

Ваъда дод, ки пагоҳ хоҳараш ҳамроҳи модараш омада узру бахшиш мепурсад. Санаи 15.10.2021 сол бинобар ҳолати ҳамшираи тибби оилавӣ Одинаева Ф. вазнин шудан бо ҳамроҳи шавҳараш ба шўъбаи корҳои дохилии Соҳили рост муроҷиат менамояд. Аз тарафи кормандони ШКД ба экспертизаи судии тиббӣ равон карда мешавад ва баъдан ба Беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ мегардад. Оиди бистарӣ шудан аз тарафи Беморхонаи шаҳрӣ иқтибоси картаи бемории бистаришуда №8541/925 ва маълумотномаи №69 оиди корношоямӣ пешкаш карда шудааст. Ҳодисаи мазкур дар байни кормандони Марказ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба риояи одоби муошират бо беморон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Айни ҳол масъалаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мавриди санҷиш қарор дорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки то ҳол ному насаби шаҳрванд ба таври бояду шояд аниқ нест.

Ҳодисаи мазкур дар байни корҷомеаимеҳнатии кормандони марказ мавриди баррасӣ карор дода шуда, оид ба риояи одоби муошират бо беморон

корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев,

муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд

Alieva Moh Sharifa 

МЕДИЦИНА ДОЛЖНА ЛЕЧИТЬ, А НЕ КАЛЕЧИТЬ!

Уважаемый мэр города Фирдавс Шарифзода,

Генеральная прокуратура и

отдел здравоохранения г. Худжанд.

Прошу принять меры в отношении работников 4-й поликлиники г. Худжанд, которые вместо оказания помощи, избили и оскорбили пациента с ребёнком.

14 октября примерно в 2 часа дня я привела сына, которому 1,5 года в 16-йкабинет к врачу.

Сидели двое медсестёр и врач. Поздоровалась и попросила осмотреть ребёнка. Они сказали, идите спуститесь на первый этаж и найдите его карту и ищите своего врача, так как вы не в нашем участке. Наш постоянный врач который нас принимал уволился.

Я сказала, что его карта всегда находилась в этом кабинете и попросила поискать. Что мне тяжело будет с ребёнком на руках спускаться и подниматься. В этот момент врач с телефоном вышла из кабинета и в разговор встряла медсестра.

-Тебе сказали, спуститься, значить спустись и не разговаривай громко… – в грубой форме сказала она. На что я сказала :

-Я со всеми вами обращаюсь на «вы» и вы будьте добры, уважайте пациентов! Никто не давал вам права тыкать,  знайте своё место.

Она начала оправдываться, что на душанбинском все тыкают. Я сказала, мы в Худжанде и это знак неуважения. Началась словесная перепалка, в которой я сказала, что надо ребёнка осмотреть, а не о деньгах думать. Это ее вывело из себя, она оскорбила мою честь и обозвала меня и мою маму, которой не было там, непристойными словами!

Я сказала в ответ лишь, что она сама такая, раз она не умеет быть вежливой на рабочем месте, значит, плохо училась и плохо воспитали. После чего она в неадекватном состоянии налетела на меня. Затем они начали выгонять меня из кабинета, схватив за волосы и кусая руки. Они стали угрожать мне ее отцом, Одинаевым, который, по их словам, является начальником тюрьмы. Мой ребёнок сильно испугался их и начал плакать. Схватив меня за волосы, она ударила ногой по животу. Пока она таскала меня за волосы, я отталкивала ее рукой, пытаясь защитить себя и ребёнка. Полная медсестра на видео укусила мне руку.

Я вышла из кабинета с ребёнком, но та неугомонная медсестра так и продолжала набрасываться из кабинета, чтоб избить меня. Всё видно на видео, которое успела снять кое- как с ребёнком на руках, чтоб запечатлеть их мерзкое поведение.

Затем приехала ее мать с каким-то мужчиной и набросились на меня с криками и хотели так же поднять руки, слава Богу, рядом оказался брат, который ждал нас в машине, и они не смогли ещё раз наброситься на меня. Как оказалось, и женщина та – не ее мать. Они орали, что я до крови избила ее дочь. Хотя на видео видно, что она в полном здравии и нет ни капли крови на ней.

После этого инцидента они сплотившись с коллективом, начали звонить с угрозами, чтоб я попросила прощения и ещё раз встретилась с ними лицом к лицу. Говорили, что муж ее в амнияте работает и все обернут против меня. И весь коллектив будет ЛЖЕСВИДЕТЕЛЬСТВОВАТЬ против меня…

Вместо извинений, они написали заявление на меня и мужа. Написали, что муж с двумя людьми ходил, угрожал им. Но муж вот как месяц в командировке и не мог куда-то ходить к ним.

Почему персонал лжесвидетельствуют и клевещут?

Куда смотрит главврач?

Почему нет камер видеонаблюдения в кабинетах врачей?

Почему мы должны терпеть хамское отношение врачей?

Почему я должна просить прощения ? За что?

Я вынуждена придать этому делу огласку в СМИ ввиду их угроз и прикрывательства своими влиятельными родственниками, работающих в органах.

До каких пор такие люди будут считать, что правосудие в их руках?

Прошу рассмотреть этот инцидент максимально прозрачно и справедливо без предвзятости!

Мы ходим к врачам за помощью, а не за безразличием и халатным отношением к пациенту. По какому праву они так ведут себя на рабочем месте, кто им позволил?

Прошу наказать весь коллектив и эту медсестру за групповое избиение, оскорбление чести и достоинства, а так же за хамское отношение к пациенту и клевету. За травмы, которые получили я и мой маленький сын.

Минздрав должен отправить в эту поликлинику комиссию с проверкой и научить их врачебной этике. Они даже не перезвонили мне после моей жалобы.

PS: как я и говорила, карта ребёнка оказалась в их кабинете!

Стоило лишь заглянуть по имени и фамилии и не было бы всего этого.

Но они пошли на принцип.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button