ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: АЗ 21 ТО 23 ОКТЯБР ҲАВО ДАР ТОҶИКИСТОН ЯКБОРА САРД МЕШАВАД

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, 21 ва  22  октябр дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда,  борон меборад, дар ноҳияҳои кӯҳдоман борони сахт мезанад ва дар манотиқи баландиашон беш ахз 2 ҳазор метр  шабона барф ҳам хоҳад борид. Дар бархе ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва тобеи марказ суръати шамол то ба 17-22 метр дар як сония расида, дар ҷануби Тоҷикистон ҳаворо ғубор ҳам пур хоҳад кард. Рӯзҳои 22 ва 23 октябр ҳарорати ҳаво ҳадди аксар пойин рафта, 7-12 дараҷа хоҳад шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Ёхсӯ ва ҷануби Қизилсӯ пешбинӣ мешавад.

КҲФ ба ин далел такроран ба сокинони ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистон  хотиррасон мекунад, ки сардиҳои аввал барои ҳосили зироати онҳо метавонад хатар дошта бошад ва аз ин рӯ сокинон бояд ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъ оварда, ҳосили норасидаро бо плёнка, алаф ё ягон чизи дигар бипӯшонанд.

КҶФ аз аҳолӣ ҳамчунин хостааст ки ба соҳаи чорводорӣ аҳамияти вижа дода, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои бахусус кӯҳӣ бодиққат бошанд.

Дар сурати шиддат гирифтани шамол аз аҳолӣ хоста шудааст, ки баромадан ба берунро аз дохили биноҳо маҳдуд кунанд, кӯдаконро таҳти назорат бигиранд ва беназорат нагузоранд.

Аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли сангрез низ дар ин рӯзҳо зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button