ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДОХИЛИ НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ”

Рӯзи 13-уми октябри соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ», Ҳакимов Икромиддин Маҳмадович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар дохили нақби «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Атеко», ки ба Қурбонов Бахтиёр Юлдошевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад ва дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ», Бобокалонова Зулайхо Тоҳировна, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 13-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Панҷакент-Самарқанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Каримов Қобил Уралбоевич, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Каримов Қ.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тавқиев Равшанбек Субҳонқулович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Кӯшониён, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button