ВидеоДин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

САУДӢ БА САФАРИ ҲАҶҶИ УМРА ИҶОЗАТ ДОД, ВАЛЕ ФАҚАТ БА ЗОИРОНИ БО ВАКСИНАҲОИ ҒАРБӢ ЭМШУДА

Нашрияи англисизабони Gulf Business  бо такя ба вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки аз 10 октябр зоироне, ки ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд, метавонанд бо мақсади анҷоми Ҳаҷҷи умра ба Маккаю Мадина сафар унанд. Вале Арабистони Саудӣ танҳо ба сафарони он зоироне иҷозат медиҳад, ки бо ваксинаҳои ғарбии аз сӯи ин кишвар эътирофшуда эм шуда бошанд: Ё бо ду вояи ваксинаҳои  Pfizer-BioNTech, Oxford-AstraZeneca ё Moderna, ваё бо як вояи ваксинаи Johnson & Johnson.

Ба онҳое, ки иҷозати сафари Умраро ба даст овардаанд, вале ҳанӯз вояи дуюми ваксинаро нагирифтаанд, тавсия дода шудааст, ки вояи дуюми ваксинаро на камтар аз 48 соат пеш аз судури раводидашон бигиранд, вагарна ҳаққи сафарро аз даст медиҳанд.

Нашрияҳои Саудӣ хабар додаанд, ки ин қарори вазорати Ҳаҷ ва Умра аз субҳи 10 октябр ба иҷро даромадааст.

Вазорати тандурустии Саудӣ қаблан гуфта буд, ки афроди бо ду вояи ваксинаҳои хитоии Sinopharm ё Sinovac эмшуда танҳо дар зарурати гирифтани тазриқи иловагӣ бо ваксинае, ки Арабистони Саудӣ эътироф кардааст, ба қалмрави ин кишвар роҳ дода мешаванд.

Ваксинаҳои русӣ, аз ҷумла “Спутник”, расман аз ҷониби Арабистони Саудӣ эътироф нашудаанд.

Рӯзи 10 октябр дар Арабистони Саудӣ 59 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 41 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва 2 нафар, муттассифона, ҷон бохтаанд. Дар умум ба коронавирус дар Арабистони Саудӣ беш аз 547 ҳазор нафар гирифтор шуда, аз ин шумор 8 745 нафар ҷон бохтаанд. То шоми 10 октябр дар ин кишвар наздики 11 ҳазор нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд. Вазъи 139 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Арабистони Саудӣ ба иллати коронавирус инак ду сол боз наметавонад маросими Ҳаҷро доир кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button