ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ПИРӮЗИИ РӮШАНА АЗ УРГАНҶ ВА НУРИНИСО АЗ ПОМИР ДАР ОЗМУНИ ЗЕБОТАРИН БОНУВОНИ МУҲОҶИР

Дар озмуни зебоӣ байни бонувони муҳоҷир “Мисс ФМР 2021”, ки Федератсияи муҳоҷирони Русия дар Маскав доир кард, зодагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Рӯшана Каримова ва Нуринисо Абдулмаинова ғолиб омаданд.

Рӯшана аз ҷониби ҳайъати ҳакамон “Мисс ФМР” дониста шуда, Нуринисо дар овоздиҳӣ дар Интернет овози аз ҳама бештар ба даст оварда, соҳиби ҷоизаи муҳаббати тамошобинон шуд. Барои Нуринисо дар Интернет беш аз 6700 нафар овоз додаанд, ки ин нисбат ба 2300 овози гирифтаи ғолиби озмун Рӯшана қариб се маротиба бештар аст.

Озмуни зеботарин бонувони муҳоҷири Русия инак бори дуюм баргузор шуд. Соли 2020 дар ин озмун зодаи Тоҷикистон Фотима Калдорова шоҳҷоизаро соҳиб шуда буд.

Рӯшана Каримова аз як хонаводаи эҷодкор аст. Модари ӯ дар Урганҷ устоди рақс ва падараш мутриб будаанд ва худи Рӯшана аз сесолагиаш рақсро омӯхта, раққосаи касбист.

Рӯшана дар марҳалаи ниҳоии озмун дар бахши ҳунарнамоиҳои эҷодӣ ҳакамонро бо рақси ӯзбекии “Лазгӣ” моту мабҳут кард.  Ба Рӯшана барои пирӯзиаш дар озмун ҳамчун ҷоиза бурсияи таълим дар Донишгоҳи молиявиву ҳуқуқшиносии Маскав (МФЮА) тақдим карданд.

Нуринисо дар финал рақси помириро иҷро кард. Ӯ 28 сол дошта, дар Бадахшон ба дунё омадааст ва ҳоло дар як меҳмонхона дар Маскав кор мекунад ва ҳамчунин ҳамчун ризокор (волонтёр) ба тарбияи кӯдакони то синни мактабӣ машғул будааст.

Барои иштирок дар озмуни зебоии “Мисс ФМР 2021” 50 духтар аз 13 кишвар дархост доданд. Ба марҳалаи ниҳоӣ 10 нафар аз 5 кишвар: Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия ва Туркманистон роҳ ёфтанд.

Гуфтанист, ки 4 нафар аз духтарони ба финал роҳёфта аз Тоҷикистонанд: Нуринисо Абдулмаинова аз Бадахшон, Рухшона Маҳкамова ва Парвина Усмонова аз Душанбе ва Наргис Зафарова аз Конибодом.

Рухшона Маҳкамова ҳоло ба ҳайси доя (няня) кор мекунад, вале орзу дорад, ки коргоҳи либосдӯзии худашро бикушояд. Ӯ барои иштирок дар марҳалаи ниҳоии озмун худаш барои худаш аз адрасу атлас пироҳан дӯхта буд.

Парвина Усмонова  дар риштаи забону адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Маскав таҳсил мекунад ва ҳамчун репетитор кор мекунад. Парвина дар овоздиҳӣ дар Интернет баъди Нуринисо ҷои дуюмро соҳиб шуда буд.

Наргис Зафарова  донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ буда, ҳоло ба ҳайси доя кор мекунад, вале орзу дорад, ки муаллима шавад.

Бар асоси маводи хабаргузории «Спутник»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button