ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

БА ШАМИЛ ҲАКИМОВ ИҶОЗА НАДОДАНД, КИ ДАР ДАФНИ ПИСАРАШ ИШТИРОК КУНАД

Хабаргузории “Форум18”, ки масоили марбут ба поймол шудани озодиҳои диниро дар саросари дунё пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ маъмурияти маҳбаси Хуҷанд ба Шамил Ҳакимов, яке аз пешвоёни созмони дар Тоҷикистон мамнӯи масеҳии “Шоҳидони Яҳво” иҷозат надодааст, ки дар маросими дафни писараш иштирок кунад. Ин фарзанди марҳуми Ҳакимов ягона нафар аз хешовандони ӯ буд, ки ҳаққи аёдати падари 70-солаашро дар маҳбас дошт.

“Шоҳидони Яҳво” ба “Форум 18” ҳамчунон аз он шикоят кардаанд, ки маъмурияти маҳбас  бо вуҷуди аломатҳои коронавирус доштани Шамил Ҳакимов ва маризии пойҳояш, ӯро бо кумаки тиббии лозим таъмин накардаанд. Ба гуфтаи намояндагони ин ҷараёни мазҳабӣ, ҳарчанд Ҳакимовро ба қисми тиббии маҳбас гузаронданд, вале ӯ ба кумаки кофии тиббӣ дастрасӣ надорад ва аз ҷумла маҷбур аст, пойҳои дардмандашро худаш докапеч кунад.

Сардори маҳбас Фаррух Ҷалолов  ба “Форум 18” гуфтааст, ки Шамил Ҳакимов танҳо шамол хӯрда буд ва ба вай тамоми ёрии тиббии зарурӣ расонда шуд.

Ҷалолов аммо сабаби ба маросими дафни писараш иҷозат надодани Ҳакимовро шарҳ надодааст.

Шамиль Ҳакимов, ки дар солҳои 90 ба дини масеҳӣ гароида, пайрави равияи “Шоҳидони Яҳво” шуд, дар соли 2019 бо ҷурми барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки дар байни мардум китобҳои хилофи мазҳаби Ҳанафиро, ки аксари аҳолии Тоҷикистон аз ҳамин равияи мазҳаби суннии дини Ислом пайравӣ мекунанд, аз ҷумла тарҷумаи тоҷикии китоби “Инҷил” –ро паҳн мекард.  Худи Шамил Ҳакимов дар мурофиа гуфта буд, ки ягон гуноҳ надорад.

Тибқи ҳукми додгоҳ, Ҳакимов бояд то соли 2024 адои ҳукм кунад. Баъди озод шуданаш ҳам ӯ боз то соли 2027 ҳаққи таблиғоти диниро надорад. 

Сардор маҳбаси Хуҷанд Фаррух Ҷалолов қаблан ба “Форум 18” гуфта буд, ки Шамил Ҳакимов шояд бар асоси афве, ки ба муносибати сисолагии истиқлоли Тоҷикистон эълон мешавад, озод шавад. Вале бо гузашти беш аз як моҳ аз қабули қонуни афв, ҳанӯз маълум нест, ки оё Ҳакимов шомили ин афв шуд ё на?

 “Шоҳидони Яҳво” як равияи дини масеҳист, ки бо таблиғоти хеле фаъолонаи мубаллиғонаш фарқ мекунад. Фаъолияти ин равия дар Тоҷикистон соли 2007 манъ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button