ИқтисодЧеҳраҳо

САИДМУРОД ДАВЛАТОВ КИСТ? ТОҶИРИ КОРЧАЛЛОН Ё АЙЁРИ АСРИ 21? (ВИДЕО)

Чанд рӯз пеш дар Маскав филми “Як нафар аз миллион” рӯнамоӣ шуд, ки аз зиндагии миллионери тоҷик Саидмурод Давлатов ҳикоят мекунад. Рӯзи 8 октябр бошад дар Хуҷанд бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи “мактаби Оксфорд” доир шуд, ки ин мактабро ҳам Саидмурод Давлатов бо харҷи қариб 18 миллион сомонӣ бо тақлид ба бинои донишгоҳи машҳури Оксфорд сохтааст. Саидмурод Давлатов баъди ба истифода додани мактаби Оксфорд эълон кард, ки бо харҷи 20 миллион доллар дар Тоҷикистон гармхонаҳои муосир хоҳад сохт.

Ин миллионери тоҷик аз куҷо ин ҳама сармояро ҷамъ овардаву, ба гуфтаи худаш, беш аз 20 тиҷорати гуногун ба роҳ андохтааст? Саидмурод Давлатов дар воқеъ як тоҷири  корчаллону моҳир аст, ки худаш худашро аз сифр сохтааст ё, тавре бадбинонаш иддао мекунанд, қаллоб ё ба қавли дигар, айёри асри 21?

Саидмурод Давлатов: надонистани забони русӣ садди роҳам намешавад

Cаидмурод Давлатов, тоҷир ва тренери тоҷик, муаллифи чанд китоб ва соҳиби беш аз 20 тиҷорат бар он аст, ки барои “миллионер” шудан, донистани забони хориҷӣ шарт нест.

Саидмурод Давлатов афзун ба китобҳову тренингҳояш  ҳамчунин тавассути чанд ролике, ки дар он бо лаҳни шикастаи русӣ сӯҳбат мекунаду машварат медиҳад, машҳур шудааст. Худи Давлатов мегӯяд, надонистани забони русӣ садди роҳаш дар рушд ва фаъолияташ намешавад.

Дар бораи пайроҳаи ҳаётии Саидмурод Давлатов филми тарҷумаҳолии “Як нафар аз миллион” нақл мекунад, ки дар Тоҷикистон нахустнамоишашро интизоранд. Бархеҳо бар онанд, ки ин тоҷири тоҷик барои “пиар” ё “реклама”-и худ ба киноиндустрия низ ворид шудааст. Филм аллакай дар Русия рӯнамоӣ шуд ва рӯзноманигорон бо тоҷир, психолог, тренер ва актёр сӯҳбат карданд. Дар ин сӯҳбат ӯ аз мақсади офаридани як филми тарҷумаҳолӣ, тиҷорат, интиқодҳо ва нақшаҳои ояндааш гуфт.

– Лутфан бигӯед, ки ғояи офаридани филм дар бораи худатон аз кӣ буд?

– Дар тренингҳоям дар бораи пайроҳаи зиндагии худам зиёд нақл мекардам. Шояд аз ҳамон ҷо буд, ки ба ман чанд коргардон пешниҳоди офаридани чунин як филми тарҷумаҳолӣ карданд. Ниҳоят бо Муҳиддин Музаффар, коргардони филм ба ин иқдом камар бастем.

 – Оё аз ифшои дарди дилатон ноҳинҷор нашудед? Натарсидед, ки минбаъд шуморо интиқод мекунанд?

– Бе ин ҳам мазаммат ва сарзаниш мешавад. Одамоне ки дар зиндагӣ мақсади худро надоранд, онҳо ба таҳлили ҳаёти дигарон машғул мешаванд. Агар шахс дар маркази диққат аст, доим ӯро мазаммат ё сарзаниш хоҳанд кард. Ба ин чизҳо аҳамият намедиҳам, зеро ман дар зиндагӣ мақсадҳои зиёд дорам.

 – Филмро худатон маблағгузорӣ кардед?

 – Бале

Агар махфӣ набошад, чанд пул буд?

 – Ман ин филмро бештар аз 5 миллион доллар арзёбӣ мекунам.

– Чанд муддат аз болои он кор кардед?

– Бештар аз 4,5 сол. “Один на миллион”-ро дар ноҳияи Айнӣ, шаҳри Хуҷанд, Маскав, Минск, Киев, Ню-Йорк, Алмаато, Малазия, Тула ба навор гирифтем, ки вақт ва буҷаи зиёдро мехост.

 – Фоидаи бештаре интизоред?

– Не. Зеро мақсади мо даромад набуд. Мақсади ман илҳом бахшидан ва умед бахшидан ба тамошобинон буд, даромад ба ҳар ҳол мешавад. Ман тиҷорати тафаккурӣ дорам ва боварӣ дорам, ки агар маҳсулот хушсифат бошад, албатта, харидор пайдо мешавад.

– Гуфтед, ки барои муваффақ шудан кори бисёре кардаед, аммо танқидҳо ба ҳар ҳол мешаванд. Шуморо баъзан маҳз барои костагии забони русӣ ва тоҷикиатон сарзаниш мекунанд.Оё шумо имкон надоштед, ки барои ислоҳи ин кор кунед? Масалан, муаллими забони русӣ гиред?

– Ростӣ дар ин росто умуман кор накардаам.

– Чаро?

– Сабаб дорад. 64 дар сади аудиторияи ман аз одамоне иборат аст, ки онҳо монеаҳои психологӣ доранд. Ба худ боварӣ надоранд. Онҳо низ ба забони русӣ хуб сӯҳбат карда наметавонанд. Ман бояд аз ягон ҷиҳат ба аудиториаам монанд бошам. Барои ҳамин махсус муаллими забони русӣ нагирифтаму наомӯхтам. Дар мактаб бошад, мо муаллими забони русӣ надоштем. Барои ҳамин, надонистани забони русӣ садди роҳи ман намешавад. Ман ба ин чиз аҳамият надодаам. Аммо рӯзе мешавад, ки ҳатман ба омӯзиши забони русӣ низ оғоз мекунам. Одамон ба назди ман барои омӯзиши тиҷорат меоянд, на барои омӯзиши забони русӣ.

– Шумо кистед – иқтисоддон, равоншинос, тоҷир, актёр?

– Ман чанд маълумоти олӣ дорам: дар Маскав РАНХИГС (Академияи иқтисодиёти миллӣ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия)-ро бо тахассуси идоракунии стратегӣ хатм кардаам, барномаи MBI -ро дар Алмаато омӯхтаам, психологияро омӯхтам.

 – Ба ҳар ҳол, шумо худро кӣ меҳисобед?

– Ман худро равоншиноси ҳирфаӣ, тренери тиҷорат мешуморам. Бартарияти худро дар мушиҳида кардани истеъдоди одамон мебинам ва кӯмак ба онҳоро барои амалӣ кардани он зарур мешуморам.

– Шуморо чӣ такон медиҳад?

– Манфиат ва натиҷаҳои бадастовардаи одамон. Ин хело рӯҳбаландкунанда аст.

-Чунинҳо ҳастанд?

– Зиёданд, ҳамин ҳоло як зане ба наздам омад ва хабар дод, ки баъди маслиҳатҳои ман аз бӯҳрони қарз раҳо шудаву тиҷораташро ба роҳ мондааст. Хело шод шудам.

– Шумо нақши худатонро хело хуб бозӣ кардаед, дар тренингҳоятон низ ба нақш бозӣ кардан маҷбур мешавед?

– Не, кор самимятро талаб мекунад.

– Шумо, ки корро аз муҳоҷират оғоз кардаед, ба фикри шумо муҳоҷирати солҳои 1996 ва имрӯз чӣ фарқи асосӣ дорад?

– Фарқи зиёде дорад. Он вақт хело мушкил буд. Ҳоло дар Маскав шумо озодона гаштугузор мекунед, он вақт чунин набуд. Муҳоҷирони мо танҳо дар сохтмон ва бозор буданд. Ман саҳарҳо ба таксӣ менишастаму ба бозор медавидам ва рост ба хона. Ҳоло метавон гуфт, ки муҳоҷирони мо хело роҳаттаранд. Бештарашон шаҳрвандӣ, тиҷорат ва манзил гирифтаанд, ҳуҷҷат доранд. Дар офисҳо, қаҳвахонаву тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо кор мекунанд.

 – Аз таҷрибаи ҳаётии худ ба муҳоҷирон чӣ маслиҳат медодед?

 – Ман ба онҳо маслиҳат медодам, ки ҳаёти худро бо дасти худ идора карданро омӯзанд, истифодаи дурусти мабалағашонро ёд гиранд. Маслиҳат медодам, ки танҳо аз пайи пулкоркунӣ нашаванд. Бояд тафаккури худро низ тамрин диҳанд. Онҳо бояд китоб хонданро омӯзанд, аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузаштанро омӯзанд. Меҳнати ҷисмонӣ аз ҳама арзон аст, кори эҷодӣ гарон аст, ман ба муҳоҷирон маслиҳат медодам, ки оҳиста аз меҳнати ҷисмонӣ дур шуда, ба меҳнати фикрӣ гузаранд.

– Шумо онҳоро пайгирӣ мекунед?

– Не.

– Чанд тиҷорат доред?

– Дар умум 24 намуди тиҷорат дорам, ки дар кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ба роҳ монда шудааст. Мактаби Оксфорд дар Хуҷанд, боғдорӣ дар Ашт, гармхона дар Спитамен, Боғи суперинтенсивӣ дар Спитамен, дар Хатлон тиҷорати парвариши писта ва бодом, дар Леваканд низ ҳоло гармхона месозем, дар Душанбе маркази логистикӣ, силсиламағозаҳои парфюмерӣ, техникӣ, оптикӣ ва ғайра.

– Таҳсил дар мактаби Оксфордатон чанд пул арзиш дорад?

– Ҳар хел, аз сад доллар сар мешавад.

– Солона?

– Не, солона 10 ҳазор доллар.

-Гарон нест?

-Меарзад.

 – Бо эҳсонкорӣ низ машғул мешавед?

– Бале, албатта. Лекин дар ин бора пештар ҳарфе нагуфта будам. Вақтҳои охир ки нисбат ба ман интиқодҳо зиёд шуданд, маҷбурам – гӯям: дар соли 2013 ман ба тамоми Қирғизистон, ба ҳамаи хонандагони синфи 11 китоби худро тақсим карда будам. Зодгоҳи худамро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунам. Дар Ҷайҳун низ ду-се деҳае ҳаст, ки оби нӯшокӣ надорад. Ҳоло нақшаи таъмини онҳоро бо оби ошомиданӣ дорам. Дар давоми 5 сол ман ба донишҷӯён стипендия медодам. 5 сол дар деҳаи худамон ва ду сол дар тамоми ноҳияи Айнӣ ба хонандагони мактаб стипендия медодам. Вақте коронавирус сар шуд, стратегияи мо каме дигар гардид. Мо ба беморхонаҳову духтурон кӯмак мекардем.

– Ба нафароне ки шуморо танқид мекунанд, чӣ гуфтан мехоҳед?

 – Бигзор онҳо то танқиди ман, ба беҳтар кардани ҳаёти худ машғул шаванд.

 -Сипос барои сӯҳбат.

– Саломат бошед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Бехтарин,агар хар фард мисли хамин кас гайрат медошт олам гулистон мешуд.
    Ахсант.
    Афсус дар чамьият нафароне хастанд,ки пешравии Каси дигарро дида наметавонанд.
    Худашон гайрат надоранд боз аз бахилиашон намемонанд.Инхел одамхо бемаьрифату бетафаккур хастанд.
    Шахсан Ман ифтихори ин сохибкорро мекунам.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button